Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БА ДУНЁ ОВАРДАНИ
ФАРЗАНД
Кӯдак дар бачадони модар ташаккул ёфта, дар тӯли нуҳ моҳ дар шиками модар инкишоф меёбад. Дар ин муддат кӯдак ғизо ва оксигенро ба воситаи банди ноф аз организми модар мегирад. Баъди нуҳ моҳ ба дунё меояд.
УЗВҲО ЧӢ ТАВР БО ҒИЗОВУ ҲАВО
ТАЪМИН МЕГАРДАНД?
Ҳар як ҳуҷайраи организми одам ба оксиген ва ғизо ниёз дорад. Бо маводди зарурӣ таъмин шудани организм ба воситаи силсилаи хунгард аст. Хун бофтаи моеъ буда, аз плазма ва унсурҳои гуногун иборат мебошад.
Дар ҳамбастагӣ хун, лимфа ва моеи лимфамонанд ҳуҷайраҳоро давр зада, моддаҳои барои ҳаёти онҳо зарурро бурда мерасонанд, маҳсули мубодилаи моддаҳоро ба узвҳои ихроҷ равона месозанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо