Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ДУГОНИКҲО ЧӢ ТАВР БА ВУҶУД МЕОЯНД?
Дугоникҳо дар ду маврид пайдо мешаванд. Дар мавриди якум ҳар яке аз ин кӯдакон аз ҳуҷайратухми бордори алоҳида ташаккул меёбад. Ин гуна дугоникҳо мумкин аст писар ва духтар ё ҳамҷинс бошанд; онҳо ба ҳамдигар монанд ё андаке монанд мешаванд. Дар мавриди дуюм як ҳуҷайратухми бордор ба ду ҳисса тақсим мешавад ва ду ҳуҷайраи билкулл монанд ташаккул меёбад. Аз онҳо кӯдакони ҳамҷинси тамоман ба ҳам монанд ба дунё меоянд.
ДАВРАҲОИ АСОСИИ РУШДИ ОДАМ КАДОМҲОАНД?
Қади кӯдак дар нуҳ моҳи ҳомилагии модар то 50 см дароз мешавад ва то 2-солагӣ 15–20 см қад мекашад. То 12-солагӣ қади бачаҳо тақрибан ба 155 см, духтарон ба 152 см баробар мешавад. Баъд аз 12-солагӣ давраи нави сабзишу инкишоф фаро расида, то 14–15-солагӣ идома меёбад: қади кӯдак соле 8–10 см дароз ва худи ӯ тануманд мешавад.
ЧАРО КӮДАК БА ПАДАРУ МОДАРИ ХУД МОНАНД АСТ?
Кӯдакон ба волидайни худ монанд мешаванд. Сабабаш он аст, ки вақте ҳуҷайраи ҷинсии модина бо ҳуҷайраи ҷинсии нарина омезиш меёбад, бордоршавӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа аз ду ҳуҷайраи пайвастгашта кӯдак ташаккул меёбад. Дар ҳар ду ҳуҷайраи ҷинсӣ оид ба хусусиятҳои организми мард ва зан рамзҳои махсус ҷой доранд, ки онро ахбори ирсӣ (генетикӣ) мегӯянд. Ахбори мавҷуда дар генҳо (пайвастҳои кимиёвии дохили ҳуҷайра) маҳфуз аст. Ҳамин тариқ, падару модар ба воситаи ген ба кӯдак як қисми нишонаҳои ирсии худро интиқол медиҳанд. Аз ин рӯ, дар давраи наврасӣ бачаҳо ба волидайн ё бобою бибии худ монанд мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо