Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ҲАЙВОНОТИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН

Дар кишвари мо 42 намуди ҷонварони ширхӯр ба нестӣ расидаанд. Бинобар ин, онҳоро ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил кардаанд. Дар зер оид ба баъзе ҳайвоноти нодири кишварамон – мешак (архар), морхӯр, холгул, паланг маълумот медиҳем.

ПАЛАНГИ БАРФӢ ЧӢ ГУНА ҲАЙВОН АСТ?

Дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Туркистон, Қаротегин, Дарвоз, Вахш ва Бадахшону Помир ҷонвари ширхӯри дарандаеро дучор омадан мумкин аст, ки холҳои ҳалқа-ҳалқа дорад. Паланги барфӣ ҷонвари чандон калон нест. Дарозии он 120–150 см мебошад. Дар ғору дараҳои касногузар зиндагӣ мекунад. Ҷонвари шабгард аст. Ғизои он нахчир, суғур, заргӯш ва дигар ҳайвоноти хурд мебошад; баъзан ба ҳайвоноти хонагӣ низ ҳуҷум мекунад.

ГУСФАНДИ КӮХӢ МЕШАВАД?

Дар кӯҳҳои Помир навъи гӯсфанде зиндагӣ мекунад, ки онро мешак, архар ё ғулча меноманд. Аврупоиён онро Марко Поло ном ниҳодаанд. Дарозии баданаш 100–200 см, вазнаш 110–230 кг аст. Шохи ин ҷонвар қаҷ ва сахту мустаҳкам буда, вазни он баъзан ба 30 кг мерасад. Пашми кӯтоҳу ҷафс онҳоро зимистон аз сармои қаҳратун ҳифз мекунад. Рангаш бӯр, зарди сурхча ва қаҳвагун аст. Онҳо гала-гала шуда дар соҳили дарёчаҳои кӯҳӣ ва марғзору чарогоҳҳои сералафи доманакӯҳҳо мечаранд. Тобистон, баробари об шудани барф, галаи мешақҳо ба баландиҳои кӯҳ мебароянд ва навбаҳорон боз ба доманакӯҳҳо фуромада, алафҳои навхезро истеъмол менамоянд. Дар кӯҳдоманҳои Помири Ғарбӣ бештар дучор меоянд.

ЧАРО ХОЛГУЛ ДАР ЛОЙҚА ҒЕЛ МЕЗАНАД?

Холгул ё хонгул дар туғайзор ва чакалакзори соҳили дарёчаҳо зиндагӣ мекунад. Ҷонвари шабгард аст. Ғизояш пӯстлох ва баргу меваи дарахтони заранг, бед, чормағз, нок, себ мебошад. Ҷонвари хеле чолок буда, ба дарозии 5–6 м меҷаҳад. Холгулҳои нарина дар давраи ба гушн омадан (талаби модина кардан) аз иштиҳо мемонанд, оби бисёр нӯшида дар лойқа ғел мезананд.м

пешина
аз 395
навбатӣ