Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ШИРХЎРҲО ЧАРО ЗЕРИ ЗАМИН ПИНҲОН МЕШАВАНД?

Кӯрмуш, калламушҳои даштӣ, суғур ва харгӯшҳо бештари ҳаёти худро зери замин мегузаронанд. Ин имкон меди-ҳад, ки онҳо ҳам аз хатар эмин монандӣ ҳам аз гармии тоқатфарсои берун био-соянд. Дар кишвари мо ба ин тарзи ҳаёт бештар суғур ва калламушҳо одат кар-даанд. Суғур ва харгӯшҳо фақат бо мақ-сади дарёфти обу ғизо аз лона мебаро-янд. Кӯрмуш қариб тамоми ҳаёташро зе-ри замин мегузаронад.

КАДОМ ҲАЙВОНОТ «ШАҲР» МЕСОЗАНД?

Мангустҳо, ки маҳалли сукуна-ташон Амрикои Шимолӣ аст, ба-рои худ «шаҳрак»-ҳои зеризами-нӣ месозанд «Шаҳр»-и калонта-рин дар майдони масоҳаташ 65000 метри мураббаъ сохта шудааст, ки аз рӯи тахмини олимон 400 млн сокин дошт. Бо гузашти айём шумораи ин навъи ҳайвон кам шуд. Дар бошишгоҳи мангустҳо-сури-катҳо на ҳамеша оромию со-зиш риоя мешавад. Барои ҳи-мояи ҷой ва соҳиб шудан ба бошишгоҳи якдигар байни ҳам-сояҳо талошу ҷангҳои сахт сар мезанад.

пешина
аз 395
навбатӣ