Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БУНЁДИ МАНЗИЛ
БА ХИРС ЛОНА ЧӢ ЛОЗИМ?

Зимистон вақте ғизо кам мешавад ва ёфтани ризқ мушкил мегардад, хирс дар ягон ғор ё зери замину бехи дарахтон ло-на кофта, ба хоби дарози зимистона меравад. Хирси сафед лонаашро дар таги барф месозад ва баҳорон дар он ҷо бача мезояд. Хирси сафед то калонтар шудан ба бачааш шикору шиноварӣ меомӯзонад.

Ширхӯрҳо барои худ аз гилу лой ва хасҳои нарму шоҳу барги дарахтон дар зери замину буттаҳо, харсангҳо, ковокии обканду ча-риҳо хона месозанд. Дар он лонаашон онҳо аз дарандаҳо панаҳ мебаранд, бачаҳояшонро ка-лон мекунанд. Харгӯш, қашқалдоқ ва рӯбоҳ хо-наҳояшонро зери замин мекубанд. Ҷонвароне ҳастанд, ки лонаашонро аз барг, шохча ва алаф месозанд. Бинокорони беҳтарин кундузҳо ме-бошанд. Як зумра ҳайвонот барои худ манзили доимӣ бунёд мекунанд. Маймунҳои одамшакл танҳо барои як шаб ҷойи хоб месозанд.

пешина
аз 395
навбатӣ