Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

САРГАЛАРО ЧӢ ГУНА МЕТАВОН МУАЙЯН КАРД?
Галаи гургонро модинаҳо ва наринаҳои зӯртарин сардорӣ мекунанд ва фақат онҳо насл меоранд. Саргалаи ҳукмронро тобеон ба таври фурӯтанона пешвоз мегиранд. Гургҳои сарвар бовиқорона пойҳояшонро рост карда, думу гӯшҳошонро боло мебардоранд, дандон гиз намуда сӯи гургони зердасти худ ғуррос мезананд. Гургҳои зердаст ҳангоми вохӯрӣ бо пешво тамаллукҷорона дум ликонда (думлоба), гӯшашонро дарҳам мекашанд.

ЧАРО ШИРХӮРҲО АЗ ҶОЕ БА ҶОЕ МЕКӮЧАНД?
Яке аз сабабҳои кӯчбандии ҳайвонот дигаргуншавии фасли сол ва камчин гаштани ғизо мебошад. Дар мавсими хушксолӣ ва гармоҳои тоқатфарсо қисми зиёди галаи охувон даштҳои Африқоро барои дарёфтани алафи сабз тай менамоянд. Гавазни шимолӣ дар ҷустуҷӯи ғизо беш аз 9000 км масофаи пурбарфу яхбастаи Арктикаро паси сар мекунад. Кити хокистарӣ бошад, аз хати истиво (экватор) то Арктика омада, сипас то ҷойҳои зисти пешина бозмегардад.

пешина
аз 395
навбатӣ