Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПОДАИ ҲАЙВОНОТ
Бисёр ҳайвонҳо гала шуда ҳаёт ба сар мебаранд. Ин тарзи зиндагӣ аз чанд ҷиҳат муфид аст, масалан, барои ҷустани ғизо ва ҳимоя аз дарандагон. Ҳар яке аз ин галаву селаҳо ба худ сарвар дорад. Сарвар метавонад нарина (дар миёни гориллаҳо ва шерҳо), модина (дар миёни филҳо) ё аз ҷуфти оилавӣ (дар байни гургҳо) бошад.
КАЛОНИ ХОНА КИСТ?
Дар байни дарандаҳои гурбашакл шерҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд ва якҷоя ба шикор мебароянд. Шерҳои модина дар нигоҳубини бачаҳо ба якдигар ёрӣ медиҳанд. Оилаи шер аз чандин модина бо бачаҳо ва як ё чанд наринаи калонсол иборат аст. Асосан шерҳои модина ба шикор мебароянд, вале ба сайди афтода аввалин шуда, шери нарина даҳон мезанад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо