Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО БАЪЗЕ ҲАЙВОНОТ БАЧАҲОИ ХУДРО
ДАР ХАЛТА МЕГАРДОНАНД?
Бачаҳои халтадорҳо хурду заиф тавлид мешаванд. Ба халтадорон кенгуру, санҷоби халтадор, хирси халтадор, гурги халтадор ва амсоли инҳо мансубанд. Ҳамагӣ 270 намуди онҳо маълум аст. Кенгуру дар миёни халтадорон аз ҳама машҳур мебошад. Ӯ ҳайвони алафхӯр аст. Аз сабаби кӯтоҳии пойҳои пеш бо пойҳои хеле боқуввати ақибаш ҷаҳида-ҷаҳида ҳаракат мекунад. Бачаҳои навзоди ӯ хеле хурд буда, дар кафи қошуқ ҷой мегиранд.
Онҳо мустақилона аз болои хатти лесидаи шиками очаашон бо пойҳои пеш хазида, ба халта медароянд ва синаи ӯро мемаканд. Бачаи кенгуру дар даруни халтаи модар то 300 рӯз зиндагӣ мекунад.
БАЧАИ КАДОМ ҲАЙВОН БАЪДИ ТАВАЛЛУД
ЗУД БА ПО МЕХЕЗАД?
Бачаҳои ҳайвоноти сумдор – зебра, оҳу ва гавазни шимолӣ баъди таваллуд ёфтанашон зуд ба по мехезанд. Навзодон барои аз хатар эмин будан миёни гала қарор мегиранд. Курраи зебра баъди як соати ба дунё омаданаш аз таҳдиди хатар метавонад бархеста гурезад. Оҳубарра пас аз дақиқаҳои нахустини таваллуд ба по хеста сипас медавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо