Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

НАСЛ ОВАРДАН

Бачаҳои баъзе ширхӯрҳо ба монандӣ тифли инсон дар бачадони модар инкишоф меёбанд. Бачаҳои ҷонварони халтадор бошанд (масалан, кенгуру), дар шиками модар пурра ташаккул намеёбанд. Бинобар ин онҳо бачаҳои нотавонашонро дар халтаашон гирифта мегарданд. Баъзе ширхӯрҳо ҷонварони тухмзоанд.

ҲАЙВОНОТИ БАҲРӢ ДАР КУҶО
ТАВЛИД МЕШАВАНД?

Ширхӯрони баҳрӣ, аз қабили киту делфинҳо насли худро дар зери об тавлид мекунанд, вале лаҳзаи зоидани онҳо дар рӯи об мегузарад то бачаи навзод тавонад нафаси аввалинашро бикашад. Ширмаконӣ низ дар даруни об амалӣ мешавад. Шири ҳайвоноти баҳрӣ хеле серғизост. Бинобар ин бачаҳои онҳо тез калон мешаванд.

ШИРХӮРОНИ ТУХМЗО КАДОМҲОЯНД?

Ҳайвоноти шихӯри тухмзо мурғобинӯл, ехидна ва проехидна мебошанд. Мурғобинӯл дар соҳили дарёҳо зиндагӣ мекунад. Вай баҳорон тухм гузошта, онҳоро 10 шаборӯз пахш карда меҳобад. Бачаҳои мурғобинӯл ширро аз рӯи бадани модарашон мелесанд, зеро ӯ пистон надорад.
Ехиднаҳо шабеҳи хорпушт буда, танашон бо хор ё пашми дурушт пӯшида шудааст.
Ехидна як дона тухм гузошта, онро дар халтаи зери шикамаш нигоҳ медорад.

пешина
аз 395
навбатӣ