Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БА ЧАЙРА СИХ ЧИ ЛОЗИМ?
Чайра калонтарин ҷонвари хояндаи кишварамон мебошад. Дар қаторкӯҳҳои Қӯрама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш ва Дарвоз зиндагӣ мекунад. Ҷонвари шабгард буда, мева, решаи гиёҳу зироатҳои мавсимӣ, алафҳои гуногун ва шоху навдаи буттаву дарахтонро мехӯрад. Агар ба чайра ягон ҷонвари даранда ҳамла карданӣ шавад, вай пушташро сӯи душман гардонда, сихҳояшро меларзонад, хур-хур карда пой мекӯбад. Дар сурати натиҷа надодани ин амал вай ба ҳуҷум гузашта, ба даранда сих мехалонад. Сихҳои чайра ковоку беқувватанд, бинобар ин, ҳангоми ҳалидан, дар тани душманаш дармемонанд.
БАДБӮЙИИ СКУНС АЗ ЧИСТ?
Скунс ҷонвари начандон калон буда, ранги ало дорад. Раҳҳои сиёҳу сафеди тан ва бӯйи бади он дигар ҷонвархоро огоҳ месозанд, ки ба скунс наздик наоянд. Скунс баробари ҳамлаи дарандагон пой мекӯбад, думашро бардошта, мӯйҳояшро сих мекунад. Барои ба дили душман ваҳм ангехтан ӯ ба панҷаи пойи пеш рост мешавад. Агар душман нагурезад, пас скунс аз ғадудҳои бӯйбарори худ истифода намуда, ба сӯи вай моеъи бадбӯй мепошад. Агар моеъ ба чашм афтад, сахт сӯзиш мекунад. Душман то чашмонашро молида ба худ меояд, ки скунс гурехта наҷот меёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо