Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ТАРЗИ ҲИМОЯ
Дар табиат ба ҳайвонот хатари бисёр таҳдид мекунад. Ширхӯрҳо ҳаёти худро бо тарзҳои гуногун ҳифз мекунанд, масалан, онҳо пинҳон мешаванд, мегурезанд, худро ҳамранги табиати атроф месозанд, мубориза мебаранд. Ҷонвароне, ки гала шуда мегарданд, аз хатар ҳамдигарро огоҳ мекунанд.
Баъзеаш худро мурда вонамуд менамояд, дигаре аз хорҳои баданаш истифода мебарад ё бӯйи бад мебарорад.
ЧАРО ОПОССУМ ХУДРО
МУРДА ВОНАМУД МЕКУНАД?
Аксарияти дарандаҳо туъмаи зиндаро меписанданд ва аз лоша ҳазар доранд. Опоссум ҳайвонест, ки барои туъмаи дарандагон нашудан баробари дидани онҳо худро ба замин партофта, мурда барин дароз мекашад, шах мешавад ва ҳатто бӯй мегирад. Соатҳои дароз дар ин ҳолат истода, аз нав «зинда»
мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо