Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО ШЕРБАЧАҲО ГӮШТИН МЕГИРАНД?
Бачаҳои шер, рӯбоҳ, хирс ва маймунҳо та-лошу бозиҳое мекунанд, ки ба гӯштин монанд аст. Онҳо якдигарро беосеб ба замин меафто-нанд, бо чанголу дандонҳо ханҷол задаву га-зида қувва меозмоянд. Чунин талошу бозиҳо барои инкишофи бадани шербачаҳо хеле му-ҳимманд. Ба онҳо тарзи мубориза, шикор ва набарду ҳимояро меомӯзонанд.
ШОХ ЧӢ ГУНА МЕБАРОЯД?
Шох ҷисми устухонӣ аст. Ҳаҷм, шакл ва миқдори он гуногун мешавад. Масалан, шохи навбаромадаи гавазн му-лоим буда, бо пӯст пӯшида шудааст. То-бистон пӯсти шохҳо мекафад ва гавазн шохашро ба дарахту буттаҳо молида то-за мекунад. Шох баробари дароз гаш-танаш шохаҳои хурдтар ронда, ба ус-тухон табдил меёбад. Тирамоҳ шох-ҳои гавазн меафтанд ва баъди чанд ҳафта дар ҷои онҳо шохҳои нав ме-сабзанд. Шохҳои гавазн ҳар сол ба маротиб калонтар баромада, баъди панҷ сол ба ҳадди ниҳоӣ мерасанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо