Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МУБОРИЗА
ВА ШИКОР
Дар олами ҳайвонот бештар дарандагон барои дарёфти ғизо ба шикор мебароянд. Онҳо барои ҳимояи макони зисту шикоргоҳ ё ҷуфтшавӣ байни худ задухӯрд мекунанд, ба нишони эътироз дандон гиз менамоянд, наъра мезананд. Дар Тоҷикистон 20 намуди дарандаҳо сукунат доранд.
БАРОИ БАҲМУТ ДАНДОНИ КАЛОН
ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?
Баҳмутҳо барои ҷой ва макони зиндагӣ, барои писанд омадан ба ҷинси модина бо ҳам талошу набард мекунанд. Ҳангоми наздик омадан онҳо якдигарро тарсондан хоста, овозҳои ҳайбатнок мебароранд, дум таконда об мепошанд, дандони калони ашкашонро, ки то 50 см дарозӣ дорад, бадхашмона нишон дода омодаи ҷанг мешаванд. Агар яке таслим шудан нахоҳад, пас ба муҳорибаи сахти тан ба тан мегузаранд. Онҳо якдигарро бо дандонҳои калон мегазанду бо такони сару гардан осеб мерасонанд, ки поёни ҷангашон баъзан бо марг меанҷомад.
АСПҶАНГ АЗ ЧӢ САР МЕЗАНАД?
Аспҷанг асосан байни наринаҳо барои соҳиб шудан ба модиён сар мезанад. Аспҳо шиҳа кашидаву чаҳорпоя шуда, лагад мезананд, сари ду по хеста якдигарро мегазанд ва оқибат якеаш мағлуб шуда рӯ ба гурез меорад. Аспи пирӯзгашта ниҳоят модиёнро соҳиб мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо