Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ҚАШҚАЛДОҚ ЧИ ГУНА АСАЛ МЕЁБАД?

Қашқалдоқи асалхӯр ва асалдуздак ном паранда шириниро бисёр дӯст медоранд. Онҳо ҳар ду якҷоя ба ҷустуҷӯи асал баромада, хонаи занбӯри асалро пайдо мекунанд. Саравал асалдуздак бо хониш ва думҷунбонӣ диққати қашқалдоқро ҷалб мекунад ва аз думболаш мебарад. Сипас ба вай роҳи хонаи занбӯри асалро нишон медиҳад ва худ интизор мешавад, ки кай қашқалдоқ бо панҷа мумхонаи пури асалро мекушояд. Баъди рабудани асал ҳар ду ҷонвари зирак бо иштиҳо асал мехӯранд ва боз якҷоя асал мекобанд.

АЗ РӮИ СОХТИ ҶОҒ ҒИЗОИ ҲАЙВОНОТРО МУАЙЯН КАРДАН МУМКИН АСТ?

Аз рӯи сохти дандонҳо ва ҷоғашон намуди ҳайвон, тарзи ғизогирӣ, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онро муайян кардан мумкин аст. Ҳайвоноти рустанихӯр ҷоғи дароз, дандонҳои пеши тез ва дандонҳои паҳни курсӣ доранд. Ҷоғи ҷонварони даранда кӯтоҳ ва сахт аст. Дандонҳои ашки онҳо дароз ва дандонҳои курсиашон тез мебошанд. Дандони ҳайвоноти ҳамахӯр гуногун аст.

БАБР ЧИ ГУНА САЙД МЕКУНАД?

Бабр ҳайвони дарандаи азимҷусса аст. Дар бешазори кӯҳӣ, ҳамвориҳои дарахтонаш омехтаи касногузар зиндагӣ мекунад. 50-60 сол пеш дар Тоҷикистон низ бабрҳо зиндагӣ мекарданд, вале имрӯз онҳо саросар несту нобуд шудаанд. Бабр дарандаи хеле чолок буда, ҳангоми ҳаракату роҳгардӣ садо намебарорад. Ба сайди худ ноаён наздик шуда, онро бо як ҷаҳиш медорад ва чобукона гулӯгир менамояд. Дар ин кор ба ӯ чанголҳои гиро ва дандонҳои тезаш кӯмак мерасонанд.

пешина
аз 395
навбатӣ