Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ҒИЗОГИРӢ

Ширхӯрҳо мисли одам ба ғизо ниёз доранд ва барои ҷустану ёфтани он пайваста талош мекунанд; тағи заминро мекобанд, дар оғӯши дашту кӯҳу ҷангалзор ғизову сайд меҷӯянд, дар қаъри баҳр шино мекунанд. Ғизои ҳайвонот рустанӣ, ҳашарот, ҷонварони хурд ва паранда аст. Дар пайи ҷустуҷӯи ғизо ҳар яке воситаи ба худ хос дорад. Чангол, дандон, шох, гардан, думро ба кор мебарад.

ГАРДАНИ ДАРОЗ БАРОИ ЗАРРОФА ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?

Заррофа ҳайвони калонҷусса буда, бадани кӯтоҳ, гардану пойҳои дароз, сари хурд ва шоҳҳои майда дорад. Қадаш 6 м, вазнаш то 1800 кг аст. Дар дашту чакалакзорҳои Африқо зиндагӣ мекунад. Гардан ва пойҳои дароз ба заррофа имкон медиҳанд, ки барги дарахтони баландро бихӯрад. Ӯ баргҳоро бо ёрии забон, ки 50 см дарозӣ дорад, аз шохи дарахтон канда мегирад.

пешина
аз 395
навбатӣ