Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ОЁ КОҲИЛАК ДАР ҲАҚИҚАТ ТАНБАЛ АСТ?
Қоҳилак (брадуподиде) ҳайвони да- рахтгард ва ҷонвари хеле сустҳаракат мебошад. Он дар як шабонарӯз қариб 20 соат дар шохи дарахт пинак меравад. Чанголҳои дарозу гиро ба қоҳилак имкон медиҳанд, ки вай ҳатто дар хоб низ аз шохи дарахт наафтад. Вай дар як дақиқа ҳамагӣ 2 м ҳаракат мекунад. Дар як ҷо муддати дароз арому беҳаракат истодан қоҳилакро аз чашми тези парандагони соҳибчангол пинҳон месозад.

БОЛИ КӮРШАБПАРАК ЧӢ ГУНА СОХТ ДОРАД?
Пойи пеши кӯршабпарак ба бол табдил ёфтааст. Дар байни устухонҳои дарозу бо- рики пойҳои пеш, паҳлуи бадан, пойҳои ақиб ва думи онҳо пардаи нарми пӯстмонанд мав- ҷуд аст, ки вазифаи болро иҷро мекунад. Он ба назар мисли чатр метобад. Боли кӯршаб- парак сабук аст. Болафшон парвоз кардани он ҳаракати қайқронҳоро ба хотир меорад. Суръати парвози кӯршабпарак то 100 км дар як соат аст.

КӢ ТЕЗТАР МЕДАВАД?
Гепард ҳайвони хеле чолок буда, бо суръати 110 км дар як соат давида метавонад. Вале ҳангоми тафсидани бадан аз тохтан бозистода ором меги- рад. Чаҷиши он мавҷосо ва тӯ- лонист. Чанголҳои ин ҷонвари даранда хеле сахт, вале но- хунҳояш кунд мебошанд.

пешина
аз 395
навбатӣ