Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ТАРЗИ ҲАРАКАТ
Одам ягона намояндаи ширхӯрҳост, ки бо ду пой рост истода, озодона роҳ мегар-дад. Аксари ҳайвонот бо чор пой ҳаракат меку-нанд. Қисме аз онҳо, масалан, хирс ҳангоми роҳгардӣ ба каф, гурбаву сагҳо бошанд, ба ан-гуштони пой, аспу ғизол ба сум такя мекунанд. Пойи ширхӯрони баҳрӣ, сагобӣ, пингвин ва ғайра белшакл аст, ки барои тез шино кардан имкон медиҳад.
ОЁ ҲАЙВОНИ ПАНҶПО ВУҶУД ДОРАД?
Дар табиат чунин ҳайвон нест. Лекин баъзе ҷонварон ягон узви тани худро чун воситаи ёрирасони роҳгардӣ истифода мебаранд. Масалан, маймунҳои Амри-кои Ҷанубӣ думашонро мисли пойи пан-ҷум кор мефармоянд. Онҳо ба навдаи дарахт бо думашон сахт часпида дасту пойҳошонро озод нигоҳ медоранд. Маймуни коата бошад, думи гиро дорад. Ба воситаи он ӯ аз замин ҳатто чормағзро бардошта мета-вонад.
ЧЕМПИОН ОИД БА ҶАҲИДАН КАДОМ ҲАЙВОН АСТ?
Кенгуру дар Австралия ва ҷазираҳои атрофи он зиндагӣ мекунад. Одатан, ҷаҳи-да роҳ мегардад. Пойҳои пешаш кӯтоҳ, пой-ҳои ақибаш дарози пуркувват мебошанд. Вай ме-тавонад ба дарозии 14 м ва то баландии 3 м биҷа-ҳад. Кенгуру дар як соат масофаи 48 км-ро тай ме-кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо