Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

АЪЗОИ ҲИССИ
ҲАЙВОНОТ

Ҳайвонот дидаву шунида метавонанд, бӯй мекашанд, маззаро мефаҳманд. Ҷонварон барои пайдо кардани ғизо, раҳоӣ аз хатар ва ёфтани ҳамроҳони худ аз узвҳои ҳис, яъне чашм, гӯш ва бинӣ истифода мебаранд. Қисми зиёди ҳайвонот рангҳоро фарқ карда наметавонанд; дар ин гуна ҷонварон ҳисси бӯй бештар инкишоф ёфтааст. Ҷонварони шабгард дорои узви шунавоии нозуку ҳассос мебошанд.

ЧАРО ЧАШМИ ГУРБА ДАР ТОРИКӢ
МЕДУРАХШАД?

Гурбаҳо шомгоҳон ба ҷустуҷӯи ғизо мебароянд. Дар ин фурсат гавҳараки чашми онҳо васеъ гашта, рӯшноиро бештар дарк менамояд. Дар паси шабакии чашми гурба қабати махсусе, ки нурро инъикос мекунад, (тапетум) ҷойгир аст. Нур дар ин қабат акс ёфта, дубора аз шабакии чашм мегузарад. Ба шарофати ин гурба дар торикӣ хеле хуб мебинад. Вақте дар шаб нури рушноӣ ба чашми гурба меафтад, тапетум онро инъикос мекунад ва дар натиҷа чашмони гурба медурахшанд.

ДЕЛФИН ЧӢ ХЕЛ МОҲӢ МЕЁБАД?

Ҳангоми шикори моҳӣ делфинҳо садои пасти басомадаш тӯлонӣ мебароранд. Делфини амазонӣ дар як сония то 80 маротиба чунин садо мебарорад.
Садоҳо аз ашёи атроф акс ёфта, боз ба сӯи делфин бармегарданд. Ин ҳодиса эхолокатсия, яъне бозгашти акси садо ном дорад. Аз рӯи эхолокатсия делфин дар куҷо будани моҳиҳоро дарк мекунад. Наҳанг ва кӯршабпаракҳо низ бо ин роҳ сайд менамоянд. Ғайр аз ин, онҳо ба воситаи садо ҳамдигарро меёбанд, аз хатар огоҳ месозанд, бо якдигар муносибат мекунанд. Тоҷикон делфинро ромуз меноманд. Бисёр баҳранавардон ҳикоя мекунанд, ки ромузҳо киштиҳои онҳоро аз хатари ғарқ шудан наҷот додаанд.
ҲАРГӮШ ХАТАРРО ЧӢ ГУНА ҲИС МЕКУНАД?

Дар кишвари мо харгӯшро парвариш мекунанд. Дарозии харгӯшҳо 40–50 см, вазнашон то 2–3 кг мешавад. Бинобар калону дароз будани гӯшашон харгӯшҳо садоро хеле хуб мешунаванд. Номи харгӯш низ аз ҳамин ҷост. Баъзе харгӯшҳои амрикоӣ ба воситаи гӯш ҳарорати баданашонро низ идора менамоянд. Гӯши онҳо рагҳои хунгарди сершумор дорад, ки дар мавриди зарурат танг ва васеъ мешаванд.

ҲАРТУМ БИНИ АСТ Ё...?

Фил ҳайвони азимҷусса аст. Лаби боло ва бинии филҳо ба хартуми дароз табдил ёфтаанд. Фил ба воситаи хартум хӯрокро дошта ба даҳон мегузорад, об менӯшад, ба тани худ об мепошад. Хартуми фил узви ҳис ва воситаи дарки маззаи ғизо низ мебошад.

пешина
аз 395
навбатӣ