Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ҲАЙВОН ЛИБОС
ДОРАД Ё...?

СОҲИБИ ДАРОЗТАРИН МӮИНА

Ҷонвароне, ки дар ҷойҳои хунук ва баландкӯҳҳо зиндагӣ доранд, дар фасли зимистон нороҳат намешаванд. Зеро пашми бисёр ва мӯйна онҳоро аз осеби сармо нигоҳ медорад. Миёни ин ҷонварон мӯинаи говмеш дарозтарин аст (то 1 м). Сари ин ҳайвон монанди меш (гӯсфанд) буда, ҷуссааш говро мемонад. Тибити зери пашми он нисбат ба пашми гӯсфанд гармиро хубтар нигоҳ медорад. Дар кӯҳҳои сарди Тоҷикистон, бахусус дар Мурғоб хушговҳоро (кутос) мепарваранд, ки онҳо низ мӯинаи дароз ва ёлу думи серпашм доранд. Баҳорон пашми онҳо рехта тунук мешавад.

Тани бисёр ширхӯрон бо мӯйна ё пашм пӯшида шудааст.
Таркиби пашм аз сафедаи кератин иборат аст. Мӯй ширхӯрҳоро аз таъсири сармо, гармо, шамол ва об муҳофизат мекунад. Қилҳои атрофи даҳонро «мӯйлабчаҳо» меноманд. Онҳо вазифаи узви ҳисро иҷро мекунанд.

ҲАЙВОН БЕМӮЙ МЕШАВАД?

Тани каркадан, фил ва баҳмут
бо пӯсти ғафс ва мӯйҳои тор-тор
пӯшида шудааст, зеро онҳо дар
ҷойҳои иклимашон гарм зиндагӣ
мекунанд. Ширхӯрҳои баҳрӣ –
делфин (ромуз) ва кит бошанд
шакли дигар доранд. Тани онҳо
бемӯй аст.

пешина
аз 395
навбатӣ