Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БАБРИ
ҲАНҶАРДАНДОН
ШИРХОРҲО
Аввалин ширхӯрҳо дар рӯи Замин 200 млн сол пеш пайдо шудаанд. Онҳо хеле хурд буда, ба хокканакҳои ҳозира (Soricidae) монандӣ доштанд. Дар раванди таҳаввулот (эволютсия) андозаву шакл, тарзи ғизогирӣ ва ҳаёти ширхӯрҳо хеле тағйир ёфтааст.
КАДОМ ДАРАНДАИ ҚАДИМ
ҲАНҶАРДАНДОН БУД?
Бабрҳои ҳанҷардандон, масалан смелодон, бо ҷуссаашон аз шер ҳам бузургтар буданд. Онҳо дар ҷоғи боло ду дандони ашки ҳанҷармонанд доштанд, онро барои дарондани шикам ва ё буғӣ кардани сайд истифода мекарданд.
БАРОИ ЧӢ МАМОНТ ПАШМИ
ДАРОЗ ДОШТ?
Мамонтҳо 8000 сол пеш аз байн рафтаанд. Қади мамонт 2,5-3,5 м ва вазнаш 7 т буда, пойҳои кӯтоҳу пашми ғафс дошт. Мамонтҳо дар минтақаҳои сарди Аврупо, Осиёи Шимолӣ ва Амрикои Шимолӣ зиндагӣ мекарданд.
Пашми ғафс онҳоро аз сардӣ муҳофизат менамуд.
Ҷонварони ширхӯри аввалин хурдакаки назарногир буданд. Онҳо чун хокканак ҳамагӣ 5 см дарозӣ доштанд. Тарзи ҳаёти шабона ба онҳо имкон медод, ки туъмаи дарандаҳо нагарданд. Ғизои ширхӯрои нахустин ҳашарот буд, ки онҳоро аз бӯяшон пайдо мекарданд.
Ширхӯрҳо аз калтакалосҳои дарандадандон пайдо шудаанд. Яке аз қадимтарин дарандадандонҳо, ки онро диметродон меноманд, мансуби пеликозаврҳо буд. Вай аз калтакалос бо он фарқ мекард, ки дар тахтапушт «бодбон» дошт. Аз рӯйи тахмини олимон бодбон вазифаи батареяи офтобӣ, яъне гармидиҳиро адо мекард. Диметродон онро ҷониби офтоб гардонида гарм мешуд. Бо гузашти айём ҷойи пеликозаврро синодонт гирифт. Синодонтҳо авлоди асосии ширхӯрҳо мебошанд.
Ҷуссаи геракотерий – аспи ниҳоят қадим баробари рӯбоҳ буда, пои пешаш чор ва пои қафояш се ангушт, яъне ҳамагӣ 14 ангушт дошт. Бо мурури замон ангуштони аспҳои қадим нест шуданд ва фақат ангушти сеюм тараққӣ карда, ба сум табдил ёфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо