Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Олами парандаҳо
ОЁ ҶӮҶАҲО ПАРВОЗ КАРДА МЕТАВОНАНД?
Пеш аз он ки ҷӯҷаҳо парвоз на-моянд, ба онҳо лозим аст неру ги-ранд, болу пар бароранд. Ҷӯҷаи би-сёр парандаҳо баъд аз чанд ҳаф-таи аз тухм баромадан парончак мешавад. Ҷӯҷаҳои тӯтии австралӣ баъди 10 моҳ парончак шуда, лона-ро тарк месозанд.
ЧАРО КУКУ ДАР ЛОНАИ ДИГАР ПАРАНДАҲО ТУХМ МЕГУЗОРАД?
Куку парандаи зираку маккор аст. Вай дар лонаи ди-гар парандагон тухм мегузорад. Барои ин куку як дона тухми парандаро аз лонааш берун партофта, ба ҷои он худаш тухм мегузорад. Тухми куку, одатан, ба тухми он паранда монанд аст. Ҷӯҷаи куку аз тухм барвақттар ме-барояд. Вай ҷӯҷаҳои дигарро аз лона берун андохта, ғи-зоро худаш соҳибӣ мекунад ва зуд калон мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо