Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БА ЧӮҶА АЗ ТУХМ
БАРОМАДАН ОСВОН АСТ?

Барои аз тухм баромадан, ба чӯҷа лозим меояд, ки пӯсти сахти онро шиканад. То ин вақт андаруни тухмдон дар нӯги нӯли чӯҷа ғуррии сахт пайдо мешавад. Тавассути он чӯҷа пӯстро сӯ- рох мекунад. Сӯрох кардани пӯсти тухм барои чӯҷаҳои шӯтурмурғ хеле душвор аст, зеро ба онҳо лозим меояд, ки аз даруни тухмҳои хеле калон баро- янд ва пӯсти сахтро бишкофанд.

Тухмҳои гуногуни оилаи зогшаклкон.

ЗАРДИВУ САФЕДИИ ТУХМ
ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?

Зардии тухм ҷанинро бо моддаҳои ғи- зоӣ, сафеда ва мояи обақӣ таъмин мена- мояд. Тухми мурғ, бедона, қоз зардии бештар дорад. Барои ҳамин чӯҷа дар да- руни тухм дуру дароз ташаккул меёбад ва баъди аз тухм баромадан дарҳол ба муҳити буруна мутобиқ мешавад. Чӯҷаи гунҷишк, эзорсурхак, кабӯтар, ки аз тухм бепар мебароянд, ниёз ба нигоҳубин до- ранд.

БОЗ КАДОМ ҶОНВАРОН ТУХМ МЕГУЗОРАНД?

Аксари ҳайвонот, аз ҷумла қариб ҳамаи ҳашарот, тортанакҳо, моҳиҳо, обхокиҳо ва хазандагон тухм мегузоранд. Ҳатто ширхор- ҳои тухмгузор низ ҳастанд, масалан, мурғо- бинӯл ва ехидна, ки дар Австралия, Тасма- ния, Гвинеяи Нав зиндагӣ мекунанд. Тухми ин ҷонварон асосан дар батни модар ташак- кул меёбад ва фақат 9–11 рӯз қабл аз насл овардан гузошта мешавад.

ЧӮҶА БАРОВАРДАН

Ҷӯҷаҳои бисёр парандаҳо, масалан, мурғ, қоз, дурроҷ, кабк, бутимор хуб ташаккул ёфтаанд ва баъди аз тухм баромадан якбора метавонанд аз паси модарашон тохта раванд. Ҷӯҷаҳои парандаҳои дигар заифу нотавон мебошанд. Ба парандаҳо лозим меояд, ки онҳоро хӯронанд, зери парҳошон гарм кунанд ва аз хатарҳои ногаҳонӣ ҳимоя намоянд. Барои ҳифзи ҷӯҷаҳо бисёрии парандаҳо дар ҷойҳои душворгузар лона месозанд. Масалан, фароштурук лонаашро дар зери бомгӯшаи хонаҳо бунёд мекунад.

ҶӮҶА АНДАРУНИ ТУХМ КАЙ БА ВОЯ МЕРАСАД?

Ҷӯҷаи парандаҳои хурд, масалан, гунчишк, саъба, фотимачумчуқ баъд аз 12-14 рӯзи тухмгузорӣ ба воя расида, аз тухм мебарояд. Киви ном парандаи тездав дар болои тухмаш қариб 80 рӯз, пингвинҳои султонӣ 54 рӯз, мурғ 21 рӯз хобида, сипас ҷӯҷа мебароранд.

пешина
аз 395
навбатӣ