Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЛОНАСОЗӢ

Парандаҳо ва ширхӯрон баръакси бисёр ҳайвоноти дигар ба насли ояндаи худ ғамхорӣ менамоянд. Масалан, онҳо барои тухм гузоштан ва ҷӯҷа баровардан лона месозанд. Дар лона барои ҷӯҷаҳо шароити нисбатан бехавфи ба воя расидан фароҳам меоранд. Лонаи парандагон ниҳоят гуногун мебошад. Агар баъзе парандаҳо дар замину зери сангҳои калон чуқурча кофта лона созанд, парандаҳои дигар аз гил, хасу хошок ва пахтаву пашм лона бунёд менамоянд. Ваҳмак ном паранда лонаашро аз пашм мебофад.

ЛОНАҲОИ АЗ ҲАМА КАЛОН ВА АЗ ҲАМА ХУРД ДОРАНД?

ЛОНАРО ДӮХТАН МУМКИН АСТ?

Лонаи уқоб, ки аз шохҳо сохта шудааст, тақрибан 2 т вазн дорад. Лонаҳои якҷояи оилавию авлодии баъзе парандагон ба хоктеппаҳои азим мемонад, ки вазнашон зиёда аз 50 т аст. Аммо колибраҳо лонаашонро ба андозаи нисфи чормағз месозанд.

Баъзе парандаҳо дӯзандаи моҳиранд. Хайятак ном паранда бо нӯли дароз ва чун сӯзан тези худ аз ду барги калон халтача медӯзад. Вай даруни халтачаро бо паҳоли нарм пур карда, тухм мегузорад. Ба сифати ришта тори анкабут, мӯи асп ё нахи рустаниҳоро истифода мебарад.

Оё ҲАМАИ ПАРАНДАҲО ЛОНА МЕСОЗАНД?

Баъзе парандаҳо ҳунари лонасозӣ надоранд. Масалан, куку дар ҳаёташ лона намесозад. Вай дар лонаи дигар парандаҳо тухм мегузорад. Тухми онро соҳиби ҳамон лона пахш карда ҷӯҷа мебарорад. Лочинҳо лонаҳои партофта рафтаи кафтару зоғҳои алоро истифода мекунанд. Авдотка ном мурғак барои сохтани лона поруи баҳмутҳоро меписандад.

АЗ ОБИ ДАҲОН ЛОНА СОХТА МЕШАВАД?

Досаку фароштуркҳо лонаашонро, одатан, аз лой месозанд. Ба сифати ширеш онҳо луоби даҳонашонро кор мефармоянд. Лонаи фароштуркҳо танӯршакл аст. Саланганҳо лонаашонро пурра аз оби даҳон бунёд мекунанд. Одамони таҳҷоӣ ин лонаҳоро ҷамъ карда, ба тарабхонаҳо мефурӯшанд. Хӯроке, ки аз чунин лонаҳо таҳия мекунанд, таъми тухми моҳиро дорад.
ТУХМГУЗОРИ

Тухми паранда яке аз муъҷизаҳои бузурги табиат мебошад. Тухм, одатан, шакли гирда ва пӯсти тунук дорад. Дар даруни тухм ҷӯҷа падид омада, инкишоф меёбад. Вақте ки вай аз тухм баромад, пурра қобили ҳаёт аст.

ТУХМ ЧӢ ТАВР ПАЙДО МЕШАВАД?

Дар натиҷаи ҷуфтшавӣ ҳуҷайратухм, ки дар ҷисми парандаи модина нуҳуфта аст, бордор мегардад. Ҳамин тавр, ҳангоми бордоршавӣ ҷанин пайдо мешавад, ки дар сатҳи зардии тухм хобидааст. Тухм аз тухмдонҳо ҳаракат карда, аввал бо сафеда, сипас бо парда ва пӯст пӯшида мешавад. Онҳо аз таркиби моддаҳое, ки ғадудҳо дар танаи тухмдонҳо ҷудо мекунанд, ташаккул ёфта, шакли тухмро мегиранд. Дар тухмҳои бисёр парандагон пигментҳое вуҷуд доранд, ки ба тухм ранги махсуси муҳофизавӣ медиҳанд. Баъзе парандаҳо, масалан пингвинҳо, дар мавсими афзоиш ҳамагӣ як дона тухм мезоянд. Чанде аз парандаҳои дигар пурнаслу сертухманд. Чунончи, кабк дар мавсими наслдиҳӣ то 20 адад тухм мегузорад.

пешина
аз 395
навбатӣ