Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО ХОНИШИ ПАРАНДАҲОИ БЕШАГӢ ПУРПЕЧУТОБ АСТ?
Бисёр парандаҳое, ки дар беша зиндагӣ мекунанд, аз қабили булбул, саъва ва амсоли инҳо дар байни баргҳои зичи дарахту буттаҳо якдигарро намебинанд. Ин барои ҳаёти онҳо хавфнок аст, зеро ҳар лаҳза метавонанд туъмаи парандагони соҳибчанголу ҷонварони даранда гарданд. Бинобар ин, онҳо дар байни шохсорон пинҳон гашта, бо нағмасароии махсус ҳамдигарро аз хатар огоҳ месозанд. Нағмасароиро шунида, парандаҳо ҳатто дар бораи саломатию «кайфият»-и якдигар хулоса мебароранд.
Тутии сухангӯе, ки то 800 калимаро дар хотир мегирад.
Тутии заринтоҷ – парандаи дарозумртарини олам, ки то 80 сол зиндагӣ мекунад.
Дар аввали мавсими ҷуфтшавӣ парандаҳо барои худ ҳамсар мекобанд ва барои лонагузорӣ ҷойи мувофиқ меҷӯянд. Парандаҳои нарина намоишкорона ба ҳаво мехезанд, ҳаракатҳои ҷолибу рақсҳои гуногун иҷро мекунанд, бебокона пару бол мезананду алвонҷ мехӯранд. Онҳо бо ин васила мехоҳанд ба меҳрубонии парандаҳои модина сазовор шаванд ва таваҷҷуҳашонро ҷалб намоянд.
ЧӢ ТАВР МУРГИ БИҲИШТ
МОДИНААШРО ҶАЛБ МЕНАМОЯД?
Мурги биҳишт, ки дар ҷазираи Гвинеяи Нав зиндагӣ мекунад, бо рангорангии болу пари худ шуҳрат дорад. Наринаҳои он барои моил кардани дили мурги модина болу пари хушнамуд ва зебои худро намоиш медиҳанд. Гоҳо ба «саҳнаи умумӣ» – майдонча баромада мерақсанд, сарозер овезон мешаванд ва билохир дили модинаашонро меёбанд.
БА ФРЕГАТҲО ХАЛТА ЧӢ ЛОЗИМ АСТ?
Фрегатҳо парандаҳои баҳрианд ва фақат дар давраи афзоиш ба соҳил бармегарданд. Дар мавсими ҷуфтшавӣ дар синаи фрегати нарина халтаи калони сурх пайдо мешавад. Вақте барои лона сохтан ҷойи муносиб меёбад, вай халтаашро аз бод пур карда, ба фрегатҳои модина намоиш медиҳад.
ПАРАНДАҲО ҲАМ ТУҲФА МЕДИҲАНД?
Бисёр парандаҳои нарина барои ҷуфти худ ғизо оварда, онро бо нӯлашон ба даҳони вай мегузоранд. Турнаи нарина барои турнаи модина маводди сохтмони лона, яъне шоҳчаи дарахту хасу хошок меорад. Ин туҳфа ба турнаи модина писанд меояд ва баъди сохтани лона наринаи заҳматдӯстро ҷуфти муносиб интихоб мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо