Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ХОНИШИ
ПАРАНДАҲО

Бисёр вақт парандаҳоро мо намебинем, вале овозу нағмасароии онҳо ба гӯшамон мерасад, хусусан дар айёми баҳор ва аввали тобистон. Садои баъзе парандаҳо якмарому муқаррарӣ ва баъзеи дигар хушу форам аст. Бо ёрии хониш парандаҳо бо якдигар муомила мекунанд, модинаҳоро ҷалб менамоянд, аз ягон ҳодисаи пешомад огоҳ месозанд.

КАДОМ ПАРАНДА «СУХАНДОН» АСТ?

Дастгоҳи «нутқ»-и баъзе парандаҳо чунон тараққӣ кардааст, ки онҳо метавонанд сухани одамро такрор намоянд. Тӯтӣ ва майна аз ҷумлаи чунин тақлидкорон мебошанд. Онҳо на танҳо калимаҳоро азёд менамоянд, балки дар мавқеашон истифода мекунанд.
Тӯтӣ метавонад то 800 калимаро дар хотир гирад ва ҳатто ҷумла созад.

ХОНИШИ ПАРАНДАҲО АЗ БАҲРИ ЧИСТ?

Парандаҳои нарина бо хониши худ диққати парандаҳои модинаро ҷалб менамоянд. Овози булбул хеле форам аст. Дар мавсими ҷуфт гаштан булбулон ба ваҷд омада, сурудхонии воқеӣ барпо мекунанд. Парандаҳои модина бештар он наринаҳоеро меписанданд, ки овози баланд дошта, хуб нағмасарой карда метавонанд.

пешина
аз 395
навбатӣ