Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МУБОРИЗА
БАРОИ ҲАЁТ

Парандаҳо ба шароити гуногуни зиндагӣ мутобиқ шудаанд. Онҳо дар яхистонҳои қутбӣ, биёбонҳои тафсони беоб, паҳнои беканори баҳру уқёнусҳо ва кӯҳҳои сарбафалаки Тоҷикистон дучор меоянд. Барои дар шароити тоқатфарсои муҳит зиндагӣ кардан, парандаҳо унсурҳои мутобиқшавӣ пайдо намудаанд.

КАДОМ ПАРАНДА ШИНОВАРИ ХУБ АСТ?

Пингвинҳо нисбат ба дигар парандаҳои обӣ хуб шино мекунанд. Ҷуссаи онҳо дукмонанд буда, барои зуд зери об рафтан кумак мерасонад.
Боли пингвинҳо, ки хеле пуркувватанд, барои бо суръати 25 км/соат шино кардан имкон медиҳад.

ЧАРО ТЕҲУҶАҲОИ ТЕҲУ АЗ ТАШНАГИ НАМЕМИРАНД?

Теҳу барои аз дарандаҳо ҳифз намудани чӯҷаҳояш дур аз назари душманон лона мегузорад.
Дар он ҷойҳои дуру дастнорас ҳатто набототу об нест. Бинобар ин, теҳуи нарина масофаи зиёдро тай карда, ба соҳили дарёҳо меояд, то ки барои чӯҷаҳои нотавонаш об барад. Вай болу парашро дар об тар мекунад ва парҳо обро ҳамчун исфанҷ ҷаббида мегиранд. Теҳуи нарина бо парҳои обандуда ба лонааш бармегардад ва чӯҷаҳо обро аз парҳои ӯ макида, зинда мемонанд.

ПАРАНДАҲОИ БАҲРӢ ЧӢ МЕНӮШАНД?

Оби шӯри баҳрҳо барои нӯшидан мувофиқ нест. Барои ҳамин уқоби баҳрӣ, моҳихӯрак, мурғи тӯфон ва дигар парандаҳо аз таркиби ғизо ва тани сайди рабудаашон обро ҷабида ташнагиашонро мешикананд. Вале дар ин маврид ба ҷисми онҳо намак бештар ворид мешавад. Парандаҳо намаки барзиёдро ба воситаи ғадуде, ки дар асоси нӯл ҷой дорад дур месозанд.
Барои он ки паранда намакро хориҷ кунад, «атса» мезанад ва шушаҳои намак мерезанд.
Ҳангоми гармӣ парандаҳо парҳошонро ҷафс мекунанд, то ки онҳо нури офтобро нарабоянд. Ғайр аз ин, онҳо тез-тез нафас мегиранд, ки гармӣ аз даҳон бухор гашта, баданашон салқин гардад. Зимистон парандаҳо парҳошонро фах мекунанд, то ки қабати гармигузаронӣ афзунтар шавад. Дар сармо тани паранда меларзад. Ин имкон медиҳад, ки равғани бадан бештар дамида гармӣ хориҷ шавад. Дар як шаби қаҳратуни зимистон муҳақ ном паранда барои гарм шудан нисфи вазни худро гум мекунад.

Дар нимкураи шимолӣ ҳайвоноту парандаҳои бисёр зиндагӣ мекунанд. Дар рӯи барф ноаён будан барои онҳо муҳим аст. Тобистон ранги кабки қутбӣ дорчинӣ буда, зимистон сафед мешавад. Ҳамин тавр, онҳо ҳамранги муҳити зисташон гашта, аз душмани асосии худ – рӯбоҳи шимолӣ паноҳ мебаранд. Болу пари буми қутбӣ тамоми сол сафед аст. Вай дар ҳаво парвоз карда, вобаста ба ранги тирагуни осмони қутб тобиши хос мегирад.

пешина
аз 395
навбатӣ