Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Олами парандаҳо
ПАРАНДАҲО ЧИ ТАВР ПАРВОЗИ ДУРУ ДАРОЗРО
БАРДОШТ МЕКУНАНД?
Пеш аз кӯчиданашон парандаҳо бо миқдори даркорӣ ғизо ва чарб захира мекунанд. Ин чарб барои дуру дароз паридан зарур аст. Чарб вазну ҷуссаи парандаро калонтар ва худашро тобовартар мекунад, ки он барои парвози тӯлонӣ мувофиқ аст. Чунончи, вазни заличи арзанхор (гунчишки ботлокӣ) аз 50 то 110 г зиёду ҷуссааш қавитар мешавад. Вай метавонад ба фосилаи 4000 км беист парвоз кунад. Барои заличи арзанхор тай кардани паҳноҳои Саҳрои Кабиру баҳри Миёназамин душвор нест.
ЗАЛИЧИ АРЗАНХОР
(ГУНЧИШКИ БОТЛОҚӢ).
ПАРАНДАҲО ДАР ВАҚТИ ПАРВОЗ ЧӢ ГУНА
РОҲ МЕЁБАНД?
Парандаҳои хурд шабона парвоз карда, аз рӯи ситораҳо самти парвози худро муайян месозанд. Рӯзона онҳо хӯрок мехӯранду истироҳат мекунанд ва аз парандаҳои соҳибчангол паноҳ меёбанд. Парандаҳои соҳибчангол ва дигар парандаҳои калон, одатан, рӯзона парвозу шикор мекунанд. Онҳо ҷараёни болоравии ҳаворо, ки зери таъсири гармии офтоб падид меояд, истифода мебаранд. Ин гуна парандаҳо роҳро аз рӯи гардиши офтоб, ҳамчунин аз рӯи тарҳи кӯҳу соҳил ва водию дарёҳо муайян мекунанд. Кафтар аз рӯи майдони магнитии Замин роҳро меёбад. Дар ҳавои абрнок бисёр парандаҳо роҳро ёфта наметавонанд ва то баромадани офтобу софшавии осмон сабр менамоянд.
ЗОҒ.
СЕЛАИ КАБӮТАРОН.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо