Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

НАНДУ ЧӢ ТАВР ЗИНДАГӢ МЕКУНАД?

Нанду шӯтурмурғи аз ҳама калони Америка аст. Қади он 1,5 м ва вазнаш то 50 кг аст. Нандуҳо асосан дар даштҳои сералафи Аргентина ва Бразилия гала шуда зиндагӣ мекунанд. Ғизои онҳо баргу мева ва решаи рустаниҳост. Дар баъзе ҳолатҳо калтакалос ё кирмҳоро ҳам фурӯ мебарад. Нандуҳои нарина дар парвариши чӯҷаҳо меҳрубонанд. Онҳо баъзан то 80 дона тухми модинаашонро зер мекунанд ва чӯҷаҳоро нигоҳубин менамоянд.

ЧАРО ПАРАНДАҲОИ ТЕЗДАВ БЕШТАР ДАР ҶАЗИРАҲОИ ДУР ЗИНДАГӢ МЕКУНАД?

Бисёр парандаҳои даванд сокини ҷазираҳои дуранд. Як замоне гузаштагони онҳо аз дигар қитъаҳои олам ба ин ҷо парида омадаанд. Дар ин ҷазираҳо пештар дарандаҳо вуҷуд надоштанд. Бинобар ин, барои парандаҳо зарурати парвозу худро аз дарандаҳо ҳимоя кардан набуд. Дар рафти таҳаввулот наслҳои ояндаи онҳо тадриҷан қобилияти парвозро гум кардаанд. Мутаассифона, вақте ки ин ҷазираҳоро одамон кашф карда, ба он ҷо сокин шуданд, парандаҳои даванд дар назди онҳо оҷиз монданд. Дертар саршумори онҳо рӯ ба камшавӣ овард.
Одамон солҳои дароз ба тааҷҷуб меафтоданд, ки чаро парандаҳо дар кишвари онҳо тобистон ё зимистон пайдо мешаванд. Баъди як ё ду мавсим зистан соли дигар онҳо парида мераванд. Парандаҳои кӯчӣ зимистон ба ҷойҳое парвоз мекунанд, ки ғизо бисёр ва шароити зиндагӣ мусоид аст. Онҳо тобистон боз ба кишвари доимии зисташон парида меоянд, то ки ҷӯҷа бароварда, онҳоро парвариш кунанд. Кӯчбандии ҳарсолаи парандаҳоро ҳиҷрати мавсимӣ меноманд.

Дар натиҷаи парвози дурудароз парандаҳо барои сарфа намудани неру мутобиқ шудаанд. Бисёр парандаҳо, масалан, ғозу турнаҳо саф кашида парвоз мекунанд. Ин тарзи парвоз барои рафъ сохтани муқовимати ҳаво муҳим аст. Парандаи аввал ҳаворо чок карда, дар натиҷаи болафшонӣ аз оғӯши мавҷи ҳаво роҳ мекушояд, ки ин амал барои парвози парандаи дуюм неруи иловагӣ мебахшад; парандаи дуюм дар навбати худ парвози парандаи сеюмро осон менамояд ва ғайраҳо. Ҳамин тавр, ҳамаи парандаҳо, ба ғайр аз парандаи якум, кумаки иловагӣ мегиранд. Агар парандаи якум хаста шавад, ҷои онро парандаи дигар иваз мекунад.

пешина
аз 395
навбатӣ