Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПАРАНДАҲОИ
ТЕЗДАВ
Гарчанде парвоз барои парандаҳо имкони фаровону афзалиятҳои зиёди зиндагӣ медиҳад, вай бо сарфи афзуни неру вобаста аст. Бинобар ин, баъзе парандаҳо қобилияти парвозро гум намуда, тездавиданро пеша кардаанд. Вале дар рӯи Замин бо вуҷуди тездав будан аз чанголи дарандаҳо раҳоӣ ёфтан душвор аст.
ЭМУ АЗ ДАРАНДАҲО
ЧӢ ТАВР РАҲО МЕЁБАД?
Эму як навъи шутурмурғ аст, ки хеле тез медавад. Эму, шутурмурғ, нанду, казуар бо вуҷуди бол доштанашон нисбат ба дарандагон тездаву чолоктар мебошанд.
Агар дарандаи тавоно наздик ояд, онҳо чобукона душманро бо пойи пурқувваташон зада дур месозанд. Дар Австралия зиёда аз як миллион эму боқӣ мондааст.
ПАРАНДАҲОИ ТЕЗДАВ БОЛҲОЯШОНРО
ИСТИФОДА МЕБАРАНД?
Ҳамаи парандаҳо, ҳатто парандаҳои даванд бол доранд. Шутурмурғи африқоӣ ҳангоми сахт давидан барои хунук кардани бадан бол меафшонад. Вақте ки нанду тухм мехобонад бо болҳояш рӯи онро мепӯшонад. Киви болҳояшро қариб тамоман истифода намебарад. Дарозии боли киви аз 5 см зиёд нест ва ба баданаш часпидааст.
Казуарҳо ба ҷойи бол хорҳои дароз доранд, ки меҳвари шаклдигаркардаи шоҳпарро ба хотир меоранд. Пингвинҳо бо ёрии бол дар об хуб шино мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо