Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ҒИЗОИ
ПАРАНДАҲО

Парвандаҳо ҳангоми парвоз неруи зиёд сарф мекунанд. Барои барқарор кардани неруи худ онҳо ба ҷустуҷӯи ғизо баромада, бисёр саргардон мешаванд.
Бисёрии парандаҳо меваю тухми рустаниҳоро мехӯранд, зеро дарёфтани он осонтар аст. Вале парандаҳои ҳашаротхӯр ва даранда (соҳибчангол) низ барои дарёфтани тӯъмаашон вақти кам сарф намекунанд. Пайдо кардани ғизо барои онҳо душвортар бошад ҳам, таркиби тӯъмаашон лазизу нерубахштар аст.

ОЁ ПАРАНДАҲО БАРОИ ДАРЁФТАНИ
ҒИЗО ЯГОН ҲИЛА МЕҶӮЯНД?

Гунҷишки ҷангалӣ бо нӯлаш хаси сахт ё хори дарозеро дошта, ба сӯрохи лонаи ҳашарот мехалонад ва кирминаи онҳоро берун оварда мехӯрад. Лошахӯрҳо тухми шутурмурғро хеле дӯст медоранд. Онҳо пӯсти тухмро бо нӯл шикаста наметавонанд. Бинобар ин, тухмро ба ҳаво бардошта, рӯи сангҳо мепартоянд.

МАЙНАҲОИ РӮИ ГОВМЕШОН
ЧӢ ГУНА ПАРАНДААНД?

Дар тахтапушти говмеш,
каркадан, заррофа, гӯрхар
ва ғизол аксар вақт майнаҳо
менишинанд. Онҳо кана ва
кирминаи магасҳоро аз рӯи
пӯсти ҳайвонот чида мехӯранд.

ЧАРО ПАРАНДАҲО САНГ
ФУРӮ МЕБАРАНД?

Парандаҳо баробари ғизо сангчаҳои майда (гастролитҳо)-ро низ фурӯ мебаранд. Онҳо, ки дандон надоранд, ғизои фурӯбурдаашон дар қисми мушакии сангдон соиш ёфта, майда ва ҳазм мешавад.

пешина
аз 395
навбатӣ