Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КАДОМ ПАРАНДАҲО ТАБИАТРО ТОЗА
НИГОҲ МЕДОРАНД?
Дар табиат ғайр аз парандаҳои соҳибчангол парандаҳое низ мавҷуданд, ки ғизои онҳо лоша аст, масалан каргас, лошахӯр ва ғайраҳо. Лошаи гандидаро хӯрдани парандаҳо барои тозагии табиат бисёр муҳим аст. Онҳо лошаҳоро фурӯ бурда, чун дидбонҳои тозакор ба ифлос шудани муҳити зист ва паҳн шудани бемориҳо роҳ намедиҳанд. Каргас тамоми рӯз дар болои дашту даман парвоз карда, бо чашмони тезбинаш дар рӯи замин лоша мекобад. Тӯдаи каргасҳо дар як муддати кӯтоҳ ҷасади ҳайвони мурдаро батамом хӯрда, аз он танҳо устухонпораҳоро боқӣ мегузоранд.
ОЁ ПАРАНДАҲОИ СОҲИБЧАНГОЛ САЙДИ АЗ ХУД
КАЛОНРО БАРДОШТА МЕТАВОНАНД?
Баъзе парандаҳои соҳибчангол хеле боқувват мебошанд ва сайди аз худашон калонтарро бардошта парвоз мекунанд. Чунончи, гарпия ном парандаи соҳибчангол, ки дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ сукунат дорад, маймуни аз худаш қариб ду баробар калонро бардошта мебарад. Соли 1932 дар Норвегия уқоб духтарчаи 4-соларо бардошта ба ҳаво мехезад. Хушбахтона, одамон уқобро тарсонда, духтарчаро раҳо сохтанд.
ПАРВОЗ
Ҷисми парандаҳо барои парвоз хуб мутобиқ шудааст.
Устухони бадани онҳо сабуку мустаҳкам, мушақҳои сари синаашон бақувват мебошанд. Бадани парандаҳо бо пар пӯшида шудааст. Пойҳои пеши онҳо бо гузашти айём ба бол табдил ёфтаанд. Пару боли парандаҳо гуногун аст. Аз рӯи шаклу дарозии бол тарзи парвоз ва усули ҳаётгузаронии парандаҳоро муайян кардан чандон душвор нест.
ПАРАНДАИ ТЕЗПАРВОЗ КАДОМ АСТ?
Дар байни парандаҳо шоҳин аз ҳама тез парвоз мекунад.
Вақте ки он ҷониби сайди дар ҳаво буда сарнишеб мефурояд, суръати парвозаш ба 320 км/соат мерасад. То ба туъма наздик шудан, шоҳин чанголашро пеш ёзонида, ба тани сайд сахт мехалонад. Ҳангоми парвози уфуқӣ суръати парвози гага ном паранда бештар аст (76 км/соат). Суръати парвози парандаҳои зебои баҳрӣ – фрегатҳо ба 150 км/соат баробар мебошад.
ПАРАНДАҲО ЧӢ ТАВР БА ЗАМИН
МЕФУРОЯНД?
Ба рӯи шохча ё ягон ҷои дигар аз ҳаво парвозкунон бошасту рост фуромадан осон нест. Агар паранда то ба шохча расиданаш бо суръати тез парида ояд, пас хато карда ба навдаҳо бармехӯрад. Кабӯтар ҳангоми нишастан думи бодбезакмонанд ва нӯги болҳояшро чун тормоз истифода мебарад. Вай суръаташро суст карда, дар болои нишемангоҳи интихобкардааш каме муаллақ меистад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо