Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Барои парандаҳо чашми тезбин лозим аст, то ки ҳангоми парвоз ба шаҳу теғаҳои кӯҳ ва шохи баланди дарахтон барнахӯранд. Парандаҳо бо чашми тезбинашон сайд ҷуста, аз зери буттаву қабати шоҳаҳои дарахтон туъмаи худро меёбанд. Масалан, уқоб аз баландӣ ба заргӯш, рӯбоҳ ва дигар ҷонварони хурдҷусса бодиққат менигараду сипас барқвор ҳамла оварда онро медорад. Муҳак ном мургак дар байни буттазор тортанаку ҳашарот меҷӯяд. Парандаҳои шабпар дар вақти ҷустуҷӯи ғизо асосан ба воситаи неруи шунавой, аз рӯи овозу хониш ва ҳаракати ҷонварон туъмаашонро меёбанд.

Парандаҳои соҳибчанголи рӯзгард ба мисли шоҳин, заған, уқоб нисбат ба дигар парандаҳо чашми тезбин доранд. Онҳо туъмаашонро ҳатто аз масофаи дур мебинанд. Андозаи чашми парандаҳои калон баъзан баробари чашми одам аст, вале онҳо аз инсон 2-3 маротиба беҳтар дида метавонанд. Чунончи, чарғ дар ҳаво заргӯши байни буттаю алафзорро аз баландии 2 км мебинад, каргас лошаи ҷонваронро аз баландии 3 км ошкор месозаду дармеёбад, уқоб парандаҳои дар парвоз бударо аз масофаи 8 км дида метавонад.

Чашми аксари парандаҳо аз чашми инсон тезбину дақиқтар аст. Масалан, исбот шудааст, ки чашмони мурғобии ёбой ранг ва нури ултрабунафшро дида метавонанд. Парандаҳо рангҳоеро, ки одамон фарқ карда наметавонанд, мебинанд. Чунин чашм ба парандаҳо барои шинохтани ҳамдигар ва ҳатто ҳангоми ҳавои тира аз рӯи нури офтоби паси абрҳо муайян кардани самти парвоз имкон медиҳад.

Сипуха ном бум гӯши бисёр шунаво дорад. Парҳои нозуки рӯи он чун мавҷрабо ларзиши садоро қабул карда, ба сӯрохии гӯш равона месозанд. Ин паранда хишир-хишири пастро ҳам шунида, самти садоро муайян месозад ва ҳатто дар шаби тор мушро якбора дошта мегирад.

пешина
аз 395
навбатӣ