Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЧАНГОЛ БАРОИ ПАРАНДАҲО
ЧӢ ЗАРУРАТ ДОРАД?

Бисёр парандаҳои соҳибчангол сайдро бо чангҳои тезашон сахт дошта, баъзан ба ҳаво мебардоранд. Уқоб парандаи тезпарвозу пурқувват буда, заргӯш, қоз, калламуш ва ҳатто охубарраҳоро сайд мекунад. Ин паранда бо парвози тезу ҳадафрасаш чангҳояшро ба тани туъмааш амиқ халонида, барои нигоҳ доштани тавозун бо як чанг ол аз пушт ва бо дигараш аз сари сайд мегирад ва то 4-5 кг борро озодона мебардорад. Суръати ҳаракати уқоб ҳангоми шикор ба 240–320 км/соат мерасад.

ЧАРО МУРҒАКОН АЗ ДАРАХТ НАМЕАФТАНД?

Аксари парандаҳо, чунончи арзанхора, дар пояшон чаҳор ангушт доранд. Се ангушти пой ба пеш ва як ангушт ба қафо хам мехӯрад. Бо чунин пой дар шоҳчаи дарахт устувор истодан осон ва мувофиқ аст.

КАДОМ ПАРАНДА ТЕЗДАВ МЕБОШАД?

Шутурмурғ парандаи тездавтарин аст. Вай ба масофаи кӯтоҳ метавонад бо суръати то 70 км/соат бидавад. Дар пойи шутурмурғ ҳамагӣ 2 ангушт мавҷуд аст, ки он барои тез давидан мувофиқ мебошад. Чунин суръати тез имкон медиҳад, ки шутурмурғ аз чанголи дарандагони чобукпой раҳоӣ ёбад.

пешина
аз 395
навбатӣ