Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ЧАРО НӮЛИ ТУКАН БУЗУРГ АСТ?

Дарозии нӯли тукан 19 см буда, ба на-зар бисёр калону вазнин метобад, вале дар асл он чандон вазнин нест. Андозаву ранги нӯл барои туканҳо муҳим мебошад. Чунончи, аз рӯи ранги нӯл тукани модина саломатии ҳамсари ояндаашро метаво-над муайян кунад. Тукан бо ёрии нӯл ме-ваи шоҳаҳои баланди дарахтонро гириф-та мехӯрад.

МИНҚОР БАРОИ ПАРАНДАҲОИ СОҲИБЧАНГОЛ ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?

Калхот, чарғ, боз, ҳумо, бургут, чуғз ва ғайраҳо парандаҳои соҳибчангол буда, ғизои онҳо ҷонварони гуногун мебошанд. Нӯли онҳоро, ки сахти каҷ аст, минқор ме-номанд. Парандаҳо бо минқор туъмаро сахт медоранд, бинобар ин, баъзе мурғо-ни соҳибчангол, масалан, моҳихӯрак, бо нӯли сахташ ҳатто моҳиро аз таги об дош-та мегирад.
ПОЙ ВА ЧАНГОЛ
Пойи парандагон вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Бисёр парандаҳои ҷангалӣ бо чангол ба шоҳу танаи дарахтон часпида ҳаракат менамоянд. Парандаҳои обӣ бо пойҳояшон шино мекунанд. Баъзе парандаҳо дар ҷустуҷӯи ғизо бо чангол замин мекобанд ва баъзеи дигар хеле тез медаванд.

Дар байни ангуштони пойи баъзе парандаҳо, ба мисли моҳихӯрак, мурғобӣ, қу, ғоз ва ғайраҳо пӯстпарда мавҷуд аст. Мурғобӣ бо пой обро тела дода, чобукона пеш меравад. Пойи пӯстпардадор ба мурғобӣ барои тез шино кардан низ имкон медиҳад, вале барои гаштан дар рӯйи замин чандон мувофиқ нест. Бинобар ин, мурғобӣ дар хушкӣ оҳиста ва бо душворӣ роҳ меравад.
Дар ҷангалзори Бразилия гоатсин ном парандае зиндагӣ мекунад, ки боли чӯҷаҳояш ду чанголи тез дорад. Агар чӯҷаи гоатсин баногоҳ аз лонааш биафтад, бо ёрии чанголҳояш ба дарахт часпида, боз ба лона бармегардад. Гоатсинҳои калон чангол надоранд, баъди ба камол расидан чанголҳояшон ба шоҳпар табдил меёбанд.

пешина
аз 395
навбатӣ