Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Пару боли парандаҳоро пигментҳо рангин месозанд. Пигмент моддаи рангбахш буда, аслан дар пӯст ҳосил мешавад. Вале баъзе парандаҳо онро дар шакли тайёр ба восираи ғизо мегиранд. Масалан, болу пари фламинго аз он гулобӣ аст, ки ғизои асосии вай харчангу обсабзҳо мебошанд. Харчангу обсабзҳо дорои пигменти сурхтобанд. Қилои ранги филиззии товус табиати дигар дорад. Пару боли товусҳо аз он сабаб милли рангинкамон медурахшад, ки нахҳои пари онҳо нурро инъикос менамоянд.
Пару бол аз устухонбанди тан ба маротиб вазнин буда, баъзан то 5-7%-и вазни баданро ташкил медиҳад. Пару боли парандаҳои калон миқдоран камтар аст. Масалан, колибраи сурхгардан ҳамагӣ 940 адад пар дорад. Адади парҳои қуи тундрагӣ зиёда аз 2500 мебошад. Миқдори парҳо дар мавсими тулак тағйир меёбад. Чунончи, саъва дар тобистон 1500, дар зимистон 2400 пар дорад.
Парҳои парандагон.
Дар зери боли парандаҳо парҳои нарм - тибит мавҷуд аст. Чӯҷаҳо фақат тибит доранд. Тибит ҳавои гармро нигоҳ дошта, парандаро аз хунукӣ ва сармоҳои зимистон муҳофизат мекунад.
АҲАММИЯТИ НӮЛ
Ҳамаи парандаҳо нӯл доранд ва бо ёрии он ғизо мехӯранд. Бинобар ин, шаклу андо-заи нӯл ба навъи хӯроку намуди ғизои мургон вобаста аст. Бо нӯл парандаҳо ҳашароти зарар-оварро аз бадан чида, пару болҳошонро низ хору молу тоза мекунанд.
Мурғи моргардан дар об хеле хуб шино мекунад. Ҳангоми шиноварӣ сар ва гардани мормонанди вай аз об берун аст. Ин мурғи доно баробари дидани моҳӣ зуд ғӯта зада, нӯли шоф-монандашро ба ҷисми вай мехалонад. Баъд моҳиро бо шаст сӯи ҳаво партофта дошта мегирад ва сипас фу-рӯ мебарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо