Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПАРАНДАҲОИ ҚАДИМ ДАР КУҶО ЁФТ ШУДААНД?
Миллионҳо сол муқаддам дар олам парандаҳое зиндагӣ мекарданд, ки ҷуссаашон бузург буд. Масалан, диатримия ё гасторнис нӯли калону пойҳои пурқувват ва чанголҳои дарозу тез дошт. Баландии ҷуссаи ин паранда то 2 м мерасид. Чунин парандаҳо ҷонварони баробари асп бударо думболагир карда дарандавор мехӯрданд. Парандаҳои аз ҳама қадим, ки 2 млн сол пеш зиндагӣ кардаанд, дар Зеландияи Нав ёфт шудаанд. Баландии ҷуссаи онҳо 3,5 м буда, динорнисҳо ё моа номида мешуданд. Онҳо то 200 кг вазн дошта, бо суръати 70 км дар як соат метохтанд.
ПТЕРОЗАВРҲО ЧӢ ГУНА ҲАЙВОН БУДАНД?
Птерозаврҳо калтакалосҳои парвозкунандаи қадимӣ буданд. Онҳо дар даврони афзоиши динозаврҳо зиндагӣ кардаанд. Птерозаврҳо пар надоштанд. Боли онҳо аз пӯстпардаи тунуке иборат буда, дар байни ангуштони дарозашон қарор дошт. Птерозаврҳои майда аз дурроҷ ном паранда ва ё майна ҳам хурдтар буданд; андозаи птерозаврҳои калон ҳавопаймои варзишии ҳозираро демонд.
Пару боли парандаҳо аз рӯи шаклу андоза гуногун буда, дароз (масалан, боли кондор ба 3 метр мерасад) ва кӯтоҳ (боли колибра 5-6 см) мешаванд. Вобаста ба тарзу хусусияти парвоз шакли бол гуногун аст. Пар аз мӯяк ва тибит иборат мебошад. Тавассути пару бол парандаҳо мепаранд. Пару бол инчунин онҳоро аз таъсири ногувори сардию гармӣ нигоҳ медорад.
Парандаҳо болу парашонро бо ёрии нӯл ҳамеша тозаву озода мекунанд ва аз ҳашароти зарарноку ангезандаҳои бемориҳо эмин медоранд. Оббозиро меписанданд. Агар об набошад, онҳо ба хок ғӯта зада, танашонро бо судаи хоки гарм аз осеби ҳашарот ҳифз менамоянд. Сайка ном мурғак барои тоза кардани пару бол аз селаи мӯрчаҳо истифода мебарад. Вай ба мӯрчахона менишинад ва мӯрчаҳо ба шӯру изтироб омада, барои рондани меҳмони нохонда ба баданаш кислота мепошанд. Кислотаи мӯрча ҳашароти зараррасони пару болро нобуд мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо