Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ГУНОГУНИИ
ПАРАНДАҲО
Дар дунё қариб 300 млрд паранда зиндагӣ мекунад.
Яъне ба ҳар сар одами рӯи Замин тақрибан 50 паранда рост меояд. Аз замоне, ки дар олам аввалин парандаҳо пайдо шуданд, зиёда аз 150 ҳазор намуди онҳо мурдаанд. Алҳол дар ҷаҳон зиёда аз 9200 намуди паранда мавҷуданд ва дар гӯшаву канорҳои дуру наздики Замин ҳаёт ба сар мебаранд.
ВАЗНИНТАРИН ПАРАНДАИ ПАРВОЗӢ
КАДОМ АСТ?
Дар байни парандаҳои парвозӣ аз ҳама калон дурдағ ва дурдағи африқӣ мебошанд. Дурдағи африқӣ тақрибан 12-15 кг вазн дорад. Бинобар ин, дурдағ пеш аз парвоз дар рӯи об давида суръат мегирад ва баъд парвоз мекунад.
ҒУНЧИШКШАКЛОН ЧӢ ГУНА
ПАРАНДАҲОЯНД?
Ғунчишкшаклон аз нисф бештари олами парандаҳоро фаро мегиранд. Дар Тоҷикистон 191 намуди ғунчишкшаклон мавҷуданд. Аз қабили ғунчишк, фароштурук, досак, заргулдор, зоғ, фотимачумчуқ, пашшахӯрак, дурроҷ, майна ва ғайра. Онҳо ранг, болу пар ва овозҳои гуногун доранд, масалан, зоғи ало, ки бо овози гӯшхарошаш ба мардум писанд нест. Болу пари ғунчишкшаклони дигар ба мисли булбулҳо зебову ҷолиб буда, хониши форамашон гӯшро навозиш медиҳад.
БУЗУРГТАРИН ПАРАНДА КАДОМ АСТ?
Парандаи калонтарини дунё шутурмурғи африқоист. Вай қариб 160 кг вазн дошта, қадаш то ба 2,74 м мерасад. Дар олам парандаҳои аз шутурмурғ калонтар ҳам вуҷуд доштаанд. Онҳо, маъмулан, парвоз намекарданд. Масалан, 15 млн сол пеш дар Австралия дроморнис ном парандае ҳаёт ба сар мебурд, ки вазнаш 500 кг ва қадаш 3 м буд.
Парандаи қадимтарин археоптерикс ном дорад. Скелети археоптерикс парандаҳои ҳозираро ба хотир меоварад, вале вай мисли хазандаҳо дандон дошт. Думи дарозаш аз муҳраҳои бисёр иборат буда, пойҳои пешаш, ки ҳамчун бол хизмат мекарданд, чангол доштанд. Археоптериксҳо чандон хуб парида наметавонистанд ва эҳтиёткорона аз шох ба шохи дарахтон меҷаҳиданд.
Аз рӯи тахмини олимон парандаҳои аввалин дар рӯи Замин баробари пайдоиши динозаврҳо падид омадаанд. Як замон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон низ парандаҳои азимҷусса мавҷуд будаанд. Ба ин баъзе бозёфтҳои боқимондаи устухонпораҳои онҳо далолат мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо