Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ХАЗАНДАҲО
Хазандаҳо ҳайвоноти муҳрадори сардхун мебошанд. Баданашон бо пулакча, зиреҳҳо ё бо лавҳачаҳо пӯшонда шудааст. Ба хазандаҳо мор, калтакалос, тимсоҳ, сангпушт дохил мешаванд. Дар табиат беш аз 250 намуди сангпушт, 25 навъи тимсоҳ, 3000 намуди калтакалос ва 5500 намуди морҳо зиндагӣ мекунанд. Хазандаҳо ҷонварони тухмгузоранд. Бачаҳои баъзеи онҳо аз тухми дар батни модарбуда тавлид мешаванд. Онҳоро хазандаҳои тухмзиндазоӣ меноманд. Сангпуштҳои азимҷусса (сангпушти Алдабра) беш аз 150 ва аллигаторҳо (як навъи тимсоҳ) 70 сол умр мебинанд. Дар Тоҷикистон 44 намуди хазанда мавҷуданд.
ТИМСОҲҲО АЗ ДИГАР ХАЗАНДАҲО ЧӢ ФАРҚ ДОРАНД?
Тимсоҳ дар дарёю кӯл ва ботлоқзори кишварҳои тропикӣ зиндагӣ мекунад. Дарозии он то 7 м аст. Тахтапушт, шикам ва думи тимсоҳ бо сипарҳои шохин пӯшида шудаанд. Ғизои тимсоҳҳо моҳӣ, парандаю ҷонварони ширхӯри обӣ, нармбаданҳо ва харчангшаклҳо мебошад. Тимсоҳҳои бузург ба одам низ ҳамла мекунанд. Дар фарқият аз дигар хазандагон дили тимсоҳҳо чор хона, яъне ду даҳлез ва ду меъдача дошта, биноӣ ва шунавоии тимсоҳҳо нисбатан рушдкарда аст.
ОЁ МЕДОНЕД...
- Илме, ки хазандаҳоро меомӯзад, ҳерпетология ном дорад.
- Бештари намояндагони хазандаҳо туъмаашонро нахоида фурӯ мебаранд.
- Морҳо овозро намешунаванд, барои он ки гӯши миёна надоранд.
- Бештари морҳо безаҳранд. Танҳо 500 намуди онҳо заҳр дошта, заҳри 30–40 намудашон барои инсон хатарнок аст.
- Пулакчаҳои пӯсти мор ва калтакалос аз кератин таркиб ёфтааст, ки ин модда дар мӯй ва нохуни инсон низ мавҷуд аст.
- Калтакалоси тезгарди ҷаҳон игуанаи сиёҳ мебошад, ки дар як соат 35 км ҳаракат карда метавонад.
- Хазандаи аз ҳама бузургҷусса тимсоҳи баҳрӣ аст, ки дарозиаш 7 м мебошад.
Буқаламун то 60 см дарозӣ дошта, гардану пойҳояш кӯтоҳ, сараш тоскулоҳшакл, думаш камоншакл ва забонаш дароз аст. Буқаламун бо таъсири ҳарорат, рӯшноӣ, намӣ, гуруснагӣ ва ташнагӣ рангашро иваз мекунад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки он дар ҳолати тарсу ваҳм, ҳангоми рӯи даст гирифтан, ё дар «ҷанг» ғолиб омадан низ рангашро тағйир медиҳад. Тағйири ранг кардан буқаламунро аз хатар эмин медорад.
Дар поёноби дарёҳои Сир, Вахш, Тӯрсу, Қизилсу, қад-қади дарёҳои Ёхсу, Варзоб ва Боботоғи Тоҷикистон мореро вохӯрдан мумкин аст, ки зоҳиран ба кирм монанд аст. Онро кӯрмор мегӯянд. Чашмони он дар зери пӯст ҷой гирифта ба нуқтаҳои сиёҳ шабоҳат доранд. Думи он мор хеле кӯтоҳ буда, дар нӯг ҷангакча дорад, ки ҳангоми хазидан чун такягоҳ хизмат мекунад. Дар нишебиҳои сералафи байни арчазор, пистазор, ирғайзор, чормағззор, дӯлоназор ва дигар дарахтон зиндагӣ мекунад. Он дар зери замин зиста, фақат баъди боронҳои сахт берун мебарояд. Кӯрмор аз таъсири нури офтоб баъди 10–15 дақиқа нобуд мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо