Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ОБХОКИҲО
Обхокиҳо ҳайвоноти сардхун буда, ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ мекунанд. Аксарияти онҳо сараввал бо ғалсама ва баъди калон шудан бо шуш нафас мегиранд. Дар олам тақрибан 5-6 ҳазор намуди обхокиҳо мавҷуданд. Бадани обхокиҳо бо пӯсти намнок ва серраг пӯшида шудааст. Он вазифаи узви иловагии нафаскаширо низ иҷро менамояд.
Пӯсти обхокиҳо дорои ғадудҳои сершумори луобист, ки луоби баъзеашон заҳрнок аст. Ҳама намояндагони обхокиҳо бо чашмони барҷаста сайдро дунболагир менамоянд ва онро дошта яклухт фурӯ мебаранд. Дар Тоҷикистон ду намуди обхокиҳо – ғук ва қурбоққа зиндагӣ мекунанд.
Самандари оташӣ – яке аз обхокиҳои
думдори ғайриодӣ.
Деморфис – обхокии бепойи мексикой.
Қурбоққаи зарди Колумбӣ – яке аз заҳрноктарин
ҷонварони сайёра мебошад.
ОБХОКИҲО ДУМДОР, БЕДУМ ВА БЕПОЙ
МЕШАВАНД
Обхокиҳои думдор бадани дароз, думи бақувват, пойҳои беқуввату кӯтоҳ доранд. Онҳо хазида мегарданд ё мисли мор баданашонро ҳаракат дода шино мекунанд. Дар олам зиёда аз 280 намуди обхокиҳои думдор маълуманд. Дар кишвари мо обхокиҳои думдор зиндагӣ намекунанд. Обхокиҳои бедум ду ҷуфт пой доранд. Онҳо дар хушкӣ ҷаҳидаҷаҳида ҳаракат мекунанд. Баданашон фонашакл аст. Дар об тавассути пойҳои ақиб, ки байни панҷаҳо парда доранд, шино мекунанд. Дар ҷаҳон беш аз 3500-3800 обхокиҳои бедум маскунанд.
Обхокиҳои бепой дар зоҳир ба кирмҳои бузург ва морҳои хурд шабоҳат доранд.
Ҳоло дар олам 201 намуди обхокиҳои бепой мавҷуданд, ки асосан дар Амрикои Марказӣ сукунат доранд.
Қурбоққа қисми зиёди ҳаёти худро дар об ё наздикии он мегузаронад. Ғук бошад, бештар дар хушкӣ зиндагӣ мекунад. Пӯсти қурбоққа суфтаи намнок, пӯсти ғук дурушти пуробила аст. Ғук ва қурбоққа ҷаҳида-ҷаҳида ҳаракат мекунанд. Пойҳои қурбоққа нисбатан дароз ва серпарда аст. Дар табиат дарозии қурбоққаи хурдтарин 10 мм ва калон – голиаф, ки дар Африқои Ғарбӣ зиндагӣ мекунад, 30 см мебошад. Дар водии дарёҳои Сир, Зарафшон, Вахш ва Кофарниҳон қурбоққае зиндагӣ мекунад, ки онро қурбоққаи кулӣ меноманд. Дар олам беш аз 1200 намуди ғук мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон фақат ғуки сабз зиндагӣ мекунад. Дарозии баданаш 14 см буда, пӯсташ обилаҳои заҳрнок дорад. Заҳри он талхи тезбӯй буда, ҷонварони хурдро зуд нобуд мекунад. Ғукҳо ҷонварони манфиатовар низ мебошанд, онҳо ҳашароти зараррасони полизу боғҳоро нест мекунанд.
Дар фасли тобистон қурбоққа дар об тухми бисёр (3-12 ҳазор) мегузорад. Тухмҳои қурбоққа мисли ресмон дароз буда, бо луоб пӯшида шудаанд. Баъди 4–9 шабонарӯз аз тухм кафлесакҳо мебароянд. Кафлесакҳо ба моҳичаҳо монанд буда, думи дароз доранд ва ба воситаи он шино мекунанд. Ғизои кафлесакҳо обсабз аст. Баъди 3-4 моҳ шакли кафлесакҳо тағйир меёбад, ки ин ҳолатро метаморфоз меноманд. Дар охири ин давра кафлесак ба қурбоққачаи хурде табдил меёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо