Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МОҲИҲОИ ДАРАНДА
Баъзе моҳиҳо даранда мебошанд. Як қисми моҳиҳои даранда дар обҳои ширин (шӯртан, суфмоҳӣ, хормоҳӣ, лаққамоҳӣ ва ғ.) ва қисми дигарашон дар обҳои шӯри баҳру уқёнусҳо (наҳангҳо, моҳиҳои барқӣ, барракудаҳо) зиндагӣ мекунанд. Хӯроки моҳиҳои даранда асосан ҷонварони нисбатан хурди обӣ буда, баъзеи онҳо (наҳангҳо ва барракудаҳо) ба инсон низ ҳамла мекунанд. Дар дарёҳо ва обанборҳои Тоҷикистон моҳии мӯйлабдоре зиндагӣ мекунад, ки онро лаққа ё лаққамоҳӣ мегӯянд. Лаққамоҳӣ пулакча надорад. Сар ва даҳонаш калон буда, боли шиноварии ақибаш дароз аст. Лаққамоҳӣ асосан моҳӣ ва қурбоққаҳоро мехӯрад. Он дар байни рустаниҳои зери об то 200 ҳазор тухм мегузорад.
МОҲИҲОИ БАРҚҶО
Ҳама гуна мавҷудоти зинда мутаносибан нерӯи барқ ҳосил мекунанд, вале на ҳама бардошти қувваи онро доранд. Танҳо моҳиҳои барқҷо аз ин гуна нерӯ наметарсанд ва худашон онро ҳосил мекунанд. Узвҳои барқҷои онҳо шакли бандак ё кашакро дошта, мушакҳои тағйирёфта мебошанд. Мушакҳо ба воситаи девораҳо ба қуттичаҳои бисёри зич ҷудо мешаванд. Кори онҳо батареяи муқаррариро мемонад. Вазифаи пластинаҳоро лавҳаҳои иборат аз бофтаҳои сахт ва вазифаи ноқилро моддаи монанд ба яхнӣ иҷро мекунанд. Дар дунё беш аз 100 намуди моҳии барқҷо маълуманд, вале бештар мормоҳии барқҷо, раъода ва лаққамоҳии барқҷо шуҳрат доранд. Мормоҳии барқҷо дар дарёҳои Амазонка ва Ориноко вомехӯрад. Аз нисф зиёди бадани онро узвҳои барқофар ишғол кардаанд. Шиддати барқе, ки мормоҳӣ ҳосил мекунад 300–500 вольт аст. Нерӯи барқи раъода то 2300 ватт мебошад. Аз чунин нерӯ фурӯзонаки 100 ватт метавонад як шабонарӯз даргирад. Лаққамоҳии барқҷо дар муддати 15–20 сония пайиҳам зарядҳои пуршиддат равон мекунад ва агар онро дар аквариум ҷой диҳанд, моҳиҳои дигарро ҳамон лаҳза мекушод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо