Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
«ГУЛБАДАН»-И ОБӢ ЧИСТ?
Гулмоҳӣ дар обҳои ширини дарёву дарёчаҳо зиндагӣ мекунад. Тахтапушти он сиёҳтоб, шикамаш сафед ё зарди тилоранг аст. Паҳлу ва болҳояш холҳои зебои норинҷӣ ва сурху нилгун доранд. Аз ҳамин сабаб он гулмоҳӣ ном гирифтааст. Гулмоҳиҳо дар дарёҳои Вахш, Хонақоҳ, Кофарниҳон, Сардаи Миёна, Сарбо, Оби Кабуд, Оби Ҳингов, обанбори Норак ва дарёи Панҷ зиндагӣ мекунанд. Гулмоҳии рангинкамон низ мавҷуд аст. Онро дар обанбори Норак парвариш мекунанд. Гулмоҳӣ гӯшти хеле лазиз дорад.
АСПАКМОҲӢ АЗ ДИГАР МОҲИҲО ЧӢ ФАРҚ ДОРАД?
Дар баҳрҳои минтақаи гармсер моҳии зиндагӣ мекунад, ки зоҳиран ба аспи муҳраи шоҳмот монанд аст. Аз ин сабаб онро аспакмоҳӣ мегӯянд. Вай моҳии хеле камҳаракат буда, бисёр вақт бо думи худ ба пояи рустаниҳои обӣ часпида меистад. Сари аспакмоҳӣ танҳо ба боло ва поён ҳаракат мекунад. Вале чашмони ӯ новобаста ба якдигар ҳаракат карда, якбора чанд тарафро дида метавонанд. Аспакмоҳӣ вобаста ба муҳит рангашро ба ҳадде тағйир медиҳад, ки ҳатто онро аз обсабзҳо фарқ кардан душвор аст. Аз ҳама тааҷҷубовараш ҳамин аст, ки дар оилаи аспакмоҳиҳо моҳии нарина бача мезояд. Дар зери шиками ӯ ҳалtai чармии сӯрохдоре мавҷуд аст, ки аспакмоҳии модина дар он зиёда 600 дона тухм мегузорад. Баъди 1-2 моҳ аз халта моҳичаҳо берун меоянд. Вобаста ба намудашон дарозии аспакмоҳиҳо аз 2 то 30 см мешавад. Дар дунё миқдори аспакмоҳиҳо кам мондааст, бинобар ин аксари онҳоро ба Китоби сурх дохил кардаанд.
Ҳоло моҳиҳоро барои зебоӣ дар аквариумҳои хонагӣ нигоҳ медоранд.
АҶОИБИ
ОЛАМИ МОҲИҲО
Моҳӣ ҳеҷ гоҳ мижжа намезанад, зеро он мисли одам ва ҷонварони хокӣ мижа надорад. Чашмони моҳиҳо ҳамеша тар буда, онҳо бо чашми кушода хоб мераванд ва дар тафовут аз мо паҳлу намегарданд, хуррок намекашанд ва садо намебароранд. Моҳиҳо дар ин ҳолат қариб ки намечунбанд, вале ҳамаро мебинанду мешунаванд. Тарзи хоби моҳиҳо гуногун мебошад. Чунончи, равғанмоҳӣ бо шикам ё паҳлу дар зери об «дароз» намекашад; шӯрмоҳӣ дар қабати об ба тахтапушт ё баъзан сарнишеб хоб мекунад; суфрамоҳӣ худро зери рег карда хоб меравад; тӯтимоҳӣ дар атрофи худ луоби зиёд хориҷ карда, дар даруни он пинҳон мешавад.
Наҳанги сафед дар соҳилҳои Мексика.
Бузургтарин моҳии даранда дар ҷаҳон, ки то 6 метр дарозӣ ва зиёда аз 2 тонна вазн дорад.
МОҲӢ ҲАМ МЕПАРАД?
Дар обҳои минтақаҳои гармсер моҳиҳое мавҷуданд, ки дар ҳаво парвоз мекунанд. Баландии парвози онҳо зиёда аз 10 м аст. Барои парвоз ба ин моҳиҳо болҳои сандуқи сина, ки хеле дарозу паҳнбар мебошанд, кӯмак мерасонанд. Ин моҳиҳо ҳарчанд парвоз карда тавонанд ҳам, бисёр вақт туъмаи моҳиҳои дигар мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо