Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МОҲИҲО
Дар баҳру уқёнус, дарёву кӯл ва рӯду ҳавзҳои олам беш аз 20 ҳазор намуди моҳиҳо зиндагӣ мекунанд. Моҳиҳо болҳои шиноварӣ дошта бо ғалсама нафас мегиранд.
Онҳо то 300 млн дона тухм гузошта, аз 1 то 100 сол умр мебинанд. Гӯшт ва тухми моҳиҳо ғизои пурқимат буда, барои саломатӣ манфиатбахш аст. Аз моҳиҳо дору ва равғанҳои техникӣ низ тайёр мекунанд. Моҳиҳоро барои ороиш дар аквариумҳо низ нигоҳ медоранд. Дар дарёҳо ва обанборҳои Тоҷикистон беш аз 49 намуди моҳӣ маскун шудаанд.
Амури сафед - навъи
моҳии маъмул дар
Тоҷикистон.
ЧАРО МОҲӢ ДАР ОБ ҒАРҚ НАМЕШАВАД?
Борҳо мушоҳида кардаем, ки агар ба об
ягон чизро партоем, он ба қаър фурӯ меравад
ё боло баромада, бо ҷараёни об ҳаракат
мекунад. Моҳиҳо бошанд, худашон ҳам ба
қаъри об фурӯ мераванд ва ҳам дар рӯйи он
шино мекунанд. Сохти бадан ва кори узвҳои
моҳиҳо барои дар об зиндагӣ кардан мувофиқ
шудааст. Моҳиҳо дар даруни шикамашон
пуфаки пурбоде доранд, ки онҳоро зери об
шудан намегузорад. Бадани бештари моҳиҳо
бо пулакчаҳо пӯшонда шудааст, ки барои дар
об шино кардан кумак мерасонанд. Моҳиҳо
дар об баданашонро ба росту чап тоб дода
ҳаракат мекунанд. Бинобар ин онҳо ҳеҷ гоҳ
ғарқ намешаванд.
Узвҳои дохилии моҳӣ.
Гурдаҳо Пуфаки
шиноварӣ
Туздон
Рагҳои
хунгард
Ғалсама
Дил
Меъда
Ҷигар
Испурч Рӯда
Масона
Мақъад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо