Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ОЁ ДИНОЗАВРҲО ПАРВОЗ КАРДА МЕТАВОНИСТАНД?
Замоне динозаврҳо нафақат дар рӯи замин мегаштанд, балки баъзе намуди онҳо, масалан, рептилияҳо парвоз карда метавонистанд. Рептилияҳо аввал чандон дур парида наметавонистанд ва бештар аз як дарахт ба дарахти дигар меҷаҳиданд. Динозаврҳои аввалине, ки парвоз мекарданд, селурозаврус ном дошта, 250 млн сол қабл зистаанд. Селурозаврус зоҳиран ба калтакалос монанд буда, чор пой дошт. Болҳояшон дар ду ҷониби устухони паҳлу ба пӯст сахт часпида буданд. Хусусан птерозаврҳо баланду дур парвоз карда, ҳам дар осмону ҳам дар замин, бештар дар рӯдхонаҳои сермоҳӣ шикор мекарданд. Онҳо давоми садсолаҳо чун уқоб дар фазо ҳукмронӣ карда, танҳо дар давраи охирини ҳаёти динозаврҳо нобуд шуданд. Ғизои птерозаврҳо паранда, ҷонварону хазандаҳо, моҳӣ ва ҳар гуна ҳашарот буд. Онҳо лона сохта тухм мегузоштанд ва бачаҳошонро нигоҳубин менамуданд.
ДИНОЗАВРҲО ЧӢ ГУНА НЕСТ ШУДАНД?
Динозаврҳо қариб 65 млн сол пеш нобуд шуданд. Аз рӯи баъзе фарзияҳо, ситораи паррони калоне ба Замин бархӯрда, чанги ғализи абрмонде ба фазо мехезад ва пеши рӯшноиву гармии офтобро мегирад. Дар натиҷа ҳаво сард гашта, яхбандиҳои дурудароз фаро мерасад ва динозаврҳо чун дигар ҳайвоноте, ки ба дигаргуншавии боду ҳаво тоб оварда натавонистанд, саросар нобуд шуданд. Олимон танӯраи калонеро, ки бар асари бархӯрдану зарбаи сахти ситораи паррон андар тани Замин пайдо шудааст, дар соҳилҳои Мексика дарёфт намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо