Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДИНОЗАВРҲОИ РУСТАНИХӮР
ЧАНГОЛ ДОШТАНД?

Аксарияти динозаврҳои рустанихӯр бе чангол буданд, лекин игуанодон ба ҷойи чангол дар ангуштони калонаш ду пихи нӯгтез дошт. Бо пихи дарози нӯгтезаш худро ҳимоя ва тани ҳарифашро хуншор мекард.

ОЁ ДИНОЗАВРҲО БО САР ҶАНГ МЕКАРДАНД?

Наринаҳои пахитсефалозаврҳо дар фарқи сар пӯсти дамидаи ғафс доштанд. Онҳо ба ҳамдигар чун гӯсфандони ваҳшӣ дарафтода, то мағлуб шудан, бо сару пешонии сахташон меҷангиданд.

ДИНОЗАВРҲО ШОХ
ДОШТАНД?

Баъзе динозаврҳои рустанихӯр, аз қабили сератопсҳо, шох ва як навъ гиребони устухонӣ доштанд, ки онро чун сипар истифода намуда, худро аз ҳамлаи дарандаҳо ҳимоя мекарданд.
Олимон тахмин мекунанд, ки аксарияти динозаврҳо гала-гала зиндагӣ мекарданд. Яъне динозаврҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба шикор мебаромаданд, дар лаҳзаҳои хатарнок якдигарро бо садоҳои махсуси худ огоҳ карда, бад-ин восита ҳамлаи душманро пешгирӣ менамуданд. Аз ин рӯ, дарандаҳо низ якбора ба галаи динозаврҳо ҳуҷум оварда наметавонистанд, фурсат поида якеро ғофилгир мекарданд. Тарзи ҳаёти якҷоя барои бартараф сохтани мушкилоти муҳити зисташон низ муфид буд.

Суръати ҳаракати динозаврҳо аз рӯи масофаи байни пайи пойи онҳо муайян карда мешавад. Агар пайи пойҳо аз якдигар дар масофаи дур ҷойгир бошанд, пас ин намуди динозаврҳо хеле даванду чолок будаанд. Олимон муайян карданд, ки аз миёни онҳо динозаври шутурмурғмонанд ҷонвари хеле тезпою чолок будааст. Пойҳои боқуввати қафо ва думи мавзун барои тез давидани он (50 км/соат) ёрӣ медод. Динозаврҳои рустанихӯр нисбатан сустҳаракат буданд. Масалан, зауроподҳо, ки 50 т вазн доштанд, бо суръати 10 км дар як соат ҳаракат мекардаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ