Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ДИНОЗАВРҲОИ ДАРАНДА ЧӢ ГУНА БУДАНД?

Динозаврҳои гӯштхӯри даранда аз рӯи сохти ҷуссаа-шон хурду бузург ва гуногуншакл буданд. Вобаста ба ҷуссаашон дарозии тани онҳо аз 60 см то 12 м мерасид. Тираннозавр, аллозавр ва дилофозавр бештар динозавр-ҳои калони рустанихӯрро шикор мекарданд, ғизои тро-одони тезпо хазандагон ва ширхӯрҳои хурд буданд. Ди-нозаврҳои нӯлдори струтиомим, авимим ва овираптор бо нӯлашон ҳашарот медоштанд ва тухмҳоро пайдо карда мехӯрданд.

КАДОМ ДИНОЗАВР САЙДРО БО ЧАНГОЛ МЕКУШТ?

Дейноних, яъне динозаври дорои «чан-голи ваҳмангез» бо чанголҳои тезаш ҳайво-ни ду баробар аз худаш калонро аз пой меафтонд. Онҳо ба болои сайд час-та мебаромаданд ва дар-ҳол чанголҳои тезу даро-зи ангушти пои қафоро ба тани вай мехалон-данд. Дарозии чанголи дейноних на камтар аз 12 см буд.

ҲУЧУМ ВА ҲИМОЯ

Бо ҳама азимҷуссагию тавоноӣ динозаврҳо барои зиндагӣ кардан ҳамеша байни якдигар дар мубориза ва задухӯрд буданд. Динозаврҳои даранда бо дандонҳои тезу чанголҳои гиро барои куштану пора кардани якдигар дар ниҳояти бераҳмӣ буданд. Динозаврҳои калони рустанихӯр аз чанголи дарандагони худ ба ҷуз аз гурехтан чораи дигаре надоштанд. Онҳо барои аз ҳамлаи динозаврҳои даранда эмин мондан гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекарданд ё ночор ба бешазорҳои анбуҳ паноҳ мебурданд.

КАДОМ ДИНОЗАВР ЗИРЕҲПӮШ БУД?

Бадани анкилозаврҳои рустанихӯр саросар бо зиреҳ пӯшида шуда буд ва думи хеле сахти гурзмонанд доштанд. Анкилозавр ба мисли танк соирона ҳаракат карда пеш меомад ва ҳангоми ҳуҷуми даранда бо зарбаҳои гарони думи гурзмонандаш онро зада меафтонд.

пешина
аз 395
навбатӣ