Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Оё динозаврҳо рангро фарқ карда метавонистанд?
Баъзе динозаврҳо, масалан гадрозаврҳо, дар пушти гардан тоҷи шонамонанд ва болои сар барои нафасгирӣ халтаи ҳаво доштанд. Ранги сару тоҷи шонамонандӣ гадрозаврҳо шояд баланду ҷилодор буд, ки аз масофаи хе- ле дур ба чашм мерасид. Динозаврҳо шона- тоҷҳои серранги худро барои аз хатар ва ди- гар ҳодисаҳои ногаҳонӣ огоҳ сохтани ҳамҷин- сон истифода мебурданд. Чунин тарзи огоҳ кардан аз хатарҳои ногаҳонӣ миёни баъ- зе хазандаҳои ҳозира низ вуҷуд до- рад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дино- заврҳо рангро фарқ карда мета- вонистанд ва бо ҳарака- ти шонатоҷҳои ҷилодо- рашон ҳамҷинсонро аз наздик расидани хатар огоҳ месохтанд.
Динозаврҳои нарина ва модина гуногунранг буданд?
Нарина ва модинаи бисёр ҳайво- ноти ҳозира, аз ҷумла баъзе паран- даву калтакалосҳо, рангҳои аз ҳам фарқкунанда доранд. Ҷонварони нарина бо ранги баланди худ диққа- ти модинаҳоро ҷалб мекунанд ё на- ринаҳои дигарро метарсонанд. Ҷон- варони модина ранги хираву камнур доранд, бинобар ин чандон ба назар намоён нестанд. Ин хусусан барои хобондани тухм ё нигоҳубини бача- ҳояшон муҳим аст. Тасвирҳои нахус- тини динозаврҳо, ки рассомон ба қа- лам додаанд, аз рангҳои ҷигарӣ ё сабзтоб иборат буданд. Ҳоло дино- заврҳоро бо рангҳои чашмрасу ба- нур тасвир менамоянд.
Пӯсти рах-рах барои динозаврҳо чӣ зарурат дошт?
Пӯсти рахдор зебраро дарҳол ба чашм намоён месозад, вале ҳангоми тез ҳаракат кардан ё давиданаш рангҳои сафеду сиёҳ дар пеши назар омезиш ёфта, барои дуруст дидан халал мера- сонанд. Ҳамин тавр гумон меравад, ки динозаврҳои пӯсташон рахдор низ душмани дарандаи худро ба осонӣ «фиреб» медоданд. Онҳо шояд ба тарзи га- ла зиндагӣ карда, ба воситаи рангҳои рах-ра- хашон ҳарифонро ба гумроҳӣ меандохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё