Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Чӣ гуна ранг доштани пӯсти бадани динозаврҳо то ҳол маълум нест. Баъзе пораҳои санггаштаи пӯсти динозаврҳо ёфт шудаанд, вале дар муддати миллионҳо сол ранги онҳо дар қабати хоку гил ва ҷинсҳои кӯҳӣ хеле тағйир ёфтааст.
Шояд ранги динозаврҳо ба ранги пӯсти хазандаҳои ҳозира монанд буд. Ин ақидаро аксари олимони динозавршинос тарафдоранд.
Ранги пӯст ба динозаврҳо имкон медод, ки аз душманон пинҳон шаванд, диққати ҳамҷинсон ва сайди шикориро ҷалб намоянд ё ҳарифони худро тарсонанд. Бисёр динозаврҳо, шояд ранги шабеҳ ба табиат ва муҳити зисташонро доштанд, ки тавассути он аз назар пинҳон мемонданд. Шояд пӯсти тани онҳо дамидаю нақшин буд, ки барои якранг шудан бо муҳити зист кумак мерасонд. Ранги динозаври дейноних эҳтимол зардча буд, ки ҷуссаи онҳоро ҳамранги замини регхок ё гиёҳҳои хушкида намуда, ба чашм ноаён месохт. Шояд онҳо монанди бабр пӯсти раҳ-раҳ доштанд ва дар байни буттазор пинҳон шуда, сайди худро мепоиданд.
Аз рӯи пӯстҳои санггашта ва мумиёӣ метавон тахмин кард, ки бисёри динозаврҳо пӯсти обиласору озахмонанд доштанд. Бо ин гуна пӯст онҳо худро аз ҳарифони тавоно дифоъ мекарданд. Пӯсти баъзе хазандаҳои рангашон баланди ҳозира низ дамидаву обиламонанд мебошад. Аз ин лиҳоз аксари олимон ақидае доранд, ки динозаврҳои аҳди қадим низ пӯсти дамидаву обиласори хеле сахт ва ранги бануру чашмрас доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё