Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БОҚИМОНДАИ ДИНОЗАВРҲО ЧӢ ГУНААНД?

Ҳоло ғайр аз устухони бадану дандон, инчунин пайи баъзе узвҳои санггашта, нақши пулакчаҳои пӯст, лонаву тухми динозаврҳо низ пайдо карда шудаанд. Аз рӯи боқимондаи ғизои ҳазмгаштаи динозаврҳо, ки дертар ба санг табдил ёфтаанд (копролитҳо) ҳатто муайян кардан мумкин аст, ки онҳо чӣ мехӯрданд?

ҲАЙВОН ЧӢ ГУНА САНГ МЕШАВАД?

Баъди мурдан ҳайвон (ё рустанӣ) мепӯсад. Вале агар ҷасади ҳайвони мурда дар зери гил ё рег монда бошад, баъзе узвҳои он дар тӯли миллионҳо сол шах шуда, ба санг мубаддал мегарданд.

МАГАР ДАР ҲУДУДИ ИМРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН ДИНОЗАВРҲО ЗИНДАГИ МЕКАРДАНД?

Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон низ динозаврҳо сукунат доштаанд. Соли 2008 дар соҳили дарёчаи Харкуш (шохоби чапи дарёи Ширкенти ноҳияи Шаҳринав) пайи гуногуни пойҳои онҳо ёфт шуд. Пайи пойҳо, ки мансуб ба таҳнишастҳои давраи юраи болоии эраи мезозой, тахминан 150 млн сол аст, дар рӯйи сангҳо нақш бастаанд. Олимон тахмин мекунанд, ки ин пайҳо ба намуди динозаврҳои азимҷусса мансубанд.

пешина
аз 395
навбатӣ