Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Динозаврҳо ҳайвоноти хазандаи бузургҷуссае мебошанд, ки миллионҳо сол пеш дар рӯи Замин зиндагӣ мекарданд. Саросар нест шудани динозаврҳоро олимон таййирёбии обу ҳаво, дигаргуншавии иқлим, сардшавии муҳити зист ва дигар офатҳои табиӣ тахмин менамоянд. Дар бораи ин ҷонварон аз рӯи боқимондаҳои устухонпораҳои онҳо, ки аз қабати гилу рег ва ҷинсҳои кӯҳӣ ёфт шудаанд, маълумот пайдо кардан мумкин аст. Аз насли динозаврҳо то замони мо тимсоҳҳо, калтакалосҳо ва сангпуштҳои баҳриву морҳо расидаанд.

Соли 1822 аз рӯи устухонҳои ёфтшудаи ҷонвари бузурби номаълум олими англис Жорж Кюве тахмин кард, ки онҳо устухонҳои хазандаҳои азимҷусса (рептилия) мебошанд. Соли 1824 Вилям Баклэнд динозаври аввалинро «мегалозавр»
номид, ки маънояш «калтакалоси бузург»
аст. Пас аз як сол муҳаққиқон Мэри ва Гидеон Мантелл ба динозаври дуюм «игуанодон» ном ниҳоданд. Соли 1842 Ричард Дуэн ба ин хазандаҳо номи умумии «динозавр» гузошт, ки дар забони юнонии қадим маънои «калтакалоси ваҳмангез»-ро дорад. Эдвард Коун ва Отниэл Марш дар Амрико зиёда аз 130 намуди динозаврҳоро ошкор кардаанд, ки қисме аз онҳо дар осорхонаҳои ҳайвонотшиносӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Ба ҷустуҷӯйи ҳайвоноти қадимӣ мурдаю санггунашуда олимони палеонтолог (дериншинос) машғуланд. Онҳо устухонҳои санггунагаштаи динозаврҳоро аз хоку гил тоза карда аксбардорӣ мекунанд, ҳар устухонро андоза намуда, тарзи дар замин хобиданашро дар дафтар сабт мекунанд.
Сипас устухонро боэҳтиёт аз хок берун меоранд ва бо коғази намноки гаҷолуд мепечонанд. Гаҷ баъди хушкидааш устухонро аз шикастан ҳифз мекунад. Дар осорхонаҳои ҳайвонот устухонро тоза карда, ҷойҳои шикастаашро барқарор менамоянд ва сипас ба намоиш мегузоранд.

пешина
аз 395
навбатӣ