Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ГУЛҲОИ ХУДРӮЙИ
ТОҶИКИСТОН
Иқлими кишвари мо барои нашъунамои бисёр намуди гулҳои худрӯй мусоид аст. Бо фарорасии фасли баҳор дар талу теппаҳо анвои гуногуни гулҳо мешукуфанд ва табиати атрофу акнофро хеле зебою пуртароват менамоянд. Гулҳои лола (ҷавғосун), наврӯзӣ, ҳолмон, сиёҳгӯш, гули гандумак, гули ёқут ва ғайра на фақат писанди тоҷикон, балки мақбули мардуми дигар мамлакатҳо низ гаштааст.
ЧРО ГУЛИ СИЁҲГӮШ МЕГӮЯНД?
ЧАРО ШОИРОН ЛОЛАРО
ВАСФ МЕКУНАНД?
Лола гули хеле зебою хушнамуд аст.
Дар Тоҷикистон 25 намуди лола мавҷуд аст, ки 7 намудаш худрӯст. Лоларо барои гулзор намудани гулгашту хиёбон ва гулбоғу чорбоғ фаровон истифода мебаранд. Васфи зебогии гули лола дар шеърҳо низ ифода ёфтааст. Чунончи, Рӯдакӣ гуфта:
Бихандад лола дар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Гули сиёҳгӯшро ҳама медонад. Онро гули қаламқош низ мегӯянд. Сиёҳгӯш гули писандидаи айёми навбаҳор аст. Дар талу теппаҳо ҳамроҳи гули наврӯзӣ мерӯяд. Сиёҳгӯш баргҳои досшакл дошта, гулаш бунафш, гулобӣ ё бунафши сиёҳтоб мешавад, бо рангаш аз гули наврӯзӣ, ки зард аст, фарқ мекунад. Аввали баҳор, вақте ки барфҳо ба об шудан шурӯъ мекунанд, сиёҳгӯш аз хок сар мекашад ва аз фарорасии фасли баҳор мужда мерасонад. Нӯги гулбаргҳои сиёҳгӯш ранги бунафши баланд доранд ва номаш низ аз ҳамин ҷо падид омадааст.
ГУЛИ ГАНДУМАК ШАБЕҲИ ГАНДУМ АСТ?
Гули гандумак рустании бисёрсо-лаи худрӯй аст. Вай ба гандум тамо-ман шабоҳат надорад. Гулҳои ин рус-тани зангӯлашакли кабуд, бунафш ё нилгуни назаррабо буда, дар талу теппаҳо, байни алаф-зор ва заминҳои кишт, хусу-сан дар гандумзорҳо ме-рӯяд. Солҳои пеш табибо-ни мардумӣ бо решаи гули гандумак бемориҳои истис-қо (обварами шикам) ва исҷол (дарунравӣ)-ро табобат мекарданд.
ҲОЛМОН ГУЛИ КӮҲИСТ?
Дар кӯҳистони Ҳисор, Дарвоз, Қаротегин, Вахш ҳолмон ном рустанӣ ме-рӯяд, ки гулаш зангӯла-шакли ниҳоят зебост. Гули ҳолмон сурх, сурхи норанҷӣ ва зарди сурхтоб буда, моҳи май мешукуфад. Дарозии гули ҳолмон 4–8 см ва қӯтраш 8–10 см аст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки нон камёб буд, мардуми кӯҳистон аз бехи ҳолмон атолаву ширато-ла мепухтанд. Миқдори ҳолмон дар кӯҳу камар кам мондааст, бинобар ин онро ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё